МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - МАСОИЛИ МУБРАМИ РӮЗ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР!

Левакант: Андеша  

Сабабҳои  пайвастани мардум, алалхусус ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ албатта зиёд мебошанд.  Яке аз сабабҳо, роҳҳои хеле осону дастраси  пайвастани мардум аз он ҷумла ҷавонон  ба гурӯҳҳои ифротӣ ин  сомонаҳои интерентӣ шуморида мешавад.  Аз рӯи бақайдгирии аҳолӣ дар мамлакат ё ба ибораи дигар гӯем аз рӯи нишондоди оморӣ, ҷавонони то 30 – сола дар кишвар  қариб 70-фоиз аҳолии Тоҷикистон-ро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо тахминан  ба ҳисоби миёна беш аз 80-фоизи аъзои гурӯҳҳои ифротиро маҳз ҷавонони то синни 30-сола ташкил медиҳад ва  сабабҳояш дар он аст, ки технология рӯз ба рӯз рушду тараққӣ карда истодааст.  Аз ин лиҳоз албатта дастрасӣ ба ҳама гуна сомонаҳои интернетӣ қариб ки мушкилӣ эҷод намекунад, то ки ҷавонон вориди сомонаҳо ва дидан аз наворҳои гуногун намоянд.  Гурӯҳҳои ифротӣ дар навбати худ аз ин имкониятҳо васе истифода  намуда, мардумро, аллахусус  ҷавононро,  ки аз сомонаҳои интернетӣ истифода мебаранд, вориди  ин гурӯҳҳо мегардонанд. Умуман дар солҳои охир ҳамагон шоҳид ҳастанд, ки  шомилкунии ҷавонон натанҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми дунё ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ  маҳз бо воситаи шабакаҳои интернетӣ сурат гирифта истодааст. Ҷавононе, ки аз дониши сиёсиву динӣ кам бархурдор ҳастанд ба доми ин гуна ташкилотҳои террористиву экстремистӣ меафтанд ва зиндагии ширину осуди худ ва хонаводаашонро талх мекунанд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пас аз тамошои ҳаргуна видеороликҳо, наворҳо дилхоҳ одаме, ки дониши сиёсиву динӣ надорад ё дорад кифоя нест фикр мекунад, ки дигар аз ин ҷаҳону ватан дигар умеде нест, лекин дар асл гирем суханҳои дар он ҷойҳо зикргардида аксарияташон асос надоранд ва фикрҳои хому бемантиқ ҳастанд, ки танҳо фикри инсон ва психологияи инсонро вайрон месозаду халос. Суханҳои дар боло овардашуда моро ҳушдор ва огоҳ месозад, ки мо бояд ҷавонон ва умуман мардум бояд ҳеҷ вақт зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамавақт дар талоши оромӣ, сулҳу субот ва тинҷии кишвар бошему фарзандони содиқи ин сарзамин  бимонем.  Чӣ тавре, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд менамоянд: “Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бонангу бономус ва бофарҳангаш мебошад”

Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант