Ҷиҳати омодагӣ ба фасли сармо то имрӯз бархе аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳи вилояти Хатлон нақшаи зимистонгузарониро барзиёд иҷро намудаанд, то дар фасли зимистон насли наврас дар шароити мусоид ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Бинобар иттилои Зокир Амирзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён айни замон ҷиҳати шиносоӣ аз омодагӣ ба фасли зимистон дар 61 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 5 кӯдакистони ноҳия гурӯҳҳои корӣ фаъолият бурда истодаанд. То имрӯз дар анборҳои муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти томактабӣ ҷамъ 747 тонна ангишт ворид карда шудааст, ки ин 100% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар фасли зимистон талабот ба нерӯи барқ зиёд гардида, баъзан бинобар шиддати баланд дар истгоҳҳои барқӣ боиси қатъ шудани нерӯи барқ мегардад. Ба ин хотир тибқи нақша дар муассисаҳо таълимии ноҳия илова ба ангишт инчунин, 781 метри кубӣ ҳезум ва 713 литр сӯзишворӣ захира карда шудааст, ки 101% нақшаро ташкил медиҳад.
Дар солҳои пеш аз сабаби кам будани маводи сӯзишворӣ хонандагон барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо аз хона бо худ ҳезум ва дигар намуд маҳсулоти сӯзишворӣ меоварданд. Хушбахтона, бо мурури рушду пешрафти соҳа имсол ин мушкилот ҳалли худро ёфта, муассисаи таълимӣ бо мусоидати мақомоти болоӣ бо маводи сӯзишворӣ таъмин шуда истодааст, - мегӯяд Зокир Амирзода.
Тибқи иттилоъ шурӯъ аз 15- уми ноябри соли равон дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Қубодиён бухориҳо насб карда шуда, сифхонаҳо бо гармӣ таъмин хоҳанд гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар радифи дигар масъалаҳои зимистонгузаронӣ, ҳанӯз дар мавсими тирамоҳ ҷиҳати шишабандӣ намудани тирезаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Тавре, ки Зокир Амирзода иброз медорад, дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, техникаю техналогияи навро ба таври васеъ ҷорӣ менамоянд.
Дар ин росто Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таъмини зиндагии шоистаи мардум ба рушди соҳаи маориф ва рушди технология диққати ҷиддӣ медиҳад.
Зимни шиносоӣ аз вазъи омодагии муассисаҳои таълимии ноҳия ба фасли зимистон хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз шароити таълим ва таъмини ҳарорати муътадил дар синфхонаҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Тавре мушоҳида мегардид, дар МТМУ №18 ноҳияи Қубодиён ҳама синфхонаҳо бо бухорӣ гарм карда мешавад. Ба гуфтаи сарвари муассисаи мазкур Шерзод Ҳайдаров, муассиса дорои 13 синфхона мебошад, ки дар онҳо 404 хонанда дар ду баст таҳсил доранд. Бо мақсади зимистонгузаронӣ дар соли ҷорӣ дар анбори муассисаи мазкур 10 тонна ангишт ва ба миқдори кифоя ҳезум ва дигар навъ маводи сӯзишворӣ захира карда шудааст.
Тавре Шерзод Ҳайдаров иброз дошт, дар асоси шартнома бо хоҷагиҳои боғпарварӣ ҳанӯз як моҳ пеш масъалаи захираи 16 куб ҳезум ҳалли худро пайдо карда буд. Илова бар он ки бештари синфхонаҳо мактаб тирезаҳои пластикӣ доранд, дар баробари шишбандӣ, инчунин бо плёнкаҳои полиэтиленӣ маҳкам карда шудаанд.
Тибқи мушоҳидаҳо айни замон на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо омодагӣ ба фасли зимистон ба талабот ҷавобгӯ аст. Бинобар гуфтаи Умед Эшонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун, тибқи нақша бояд барои муассисаҳои таълимии ин ноҳия 550 тонна ангишт захира карда мешуд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 480 тонна ангишт ба муассисаҳо дастраст карда шудаасту халос. Ҷиҳати пурра иҷро намудани нақша шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ чораҳои мушаххас дида истодаанд.
Дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ, 1 гимназия 2 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки барои таъмин намудани ин муассисаҳо бо маводи сӯзишворӣ Кумитаҳои падару модарон низ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳия 4 МТМУ арзи вуҷуд дорад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бунёд гардида, ҷавобгӯи меъёрҳои замони муосир бо хати гармидиҳии умумӣ пайваст мебошанд. Ин гуна шабакаҳои гармидиҳӣ имкон медиҳад, ки бо харроҷоти камтар ҳарорати тамоми бинои мактабро муътадил нигоҳ дошт, - иброз дошт дар фарҷоми суҳбат Умед Эшонзода.
Аҳлиддин Муборакшоҳ,
“Ҳамрози Халқ”