Пиромуни баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон.

Вахш: Андеша  

Офтобро ба доман пушида намешавад ин масал сад дар сад дуруст аст. Чӣ тавре ба ҳамаи мову шумо маълум аст, дар сомонаҳои иҷтимоӣ бо сарлавҳаи “Мавқеъи Тоҷикистон ё Чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест”? Матне аз тарафи коршиноси байналмиллалӣ пахш шудааст. Яке аз масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ  ва  байналмиллалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст. Мо сокинони Тоҷикистони азиз аз таърихи гузаштаи хеш огоҳ ҳастем ва медонем, ки мардуми тоҷик шахсиятҳои бузургу барнодил буданду ҳастанду мемонанд!

Низоъи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки 100 сол аст, ки идома дорад, дар солҳои охир моҳияташ бозҳам мураккабу мутаниҷ гардидааст. Бо таваҷҷӯҳ  ба  ин бо мақсади саҳмгузорӣ дар тақвияти огоҳӣ ва зарфияти ҷомеа дар ин самт таҳқиқи мухтасаре дар боби моҳияту далелу ҳуҷҷатҳои раднашаванда ватани азизамон барои асосноккунии мавқеъи худ дар ин баҳсӣ марзӣ.

      Месазад  ёдовар шуд, ки масъалаи баҳсҳои марзӣ, ки таи  100 сол мешавад  идома  дорад,  аз  тарафи  коршинос  хеле  нуқтасанҷона  шарҳ  дода  шудааст,  ки  он   метавонад  ҷиҳати мавқеъгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани огоҳии ҷомеа саҳми арзанда гузорад. Ҳамчунин аз шарҳи он ба таври комил аён мегардад, ки Ҷумҳурии Қирғизистон  доир  ба  ҳалли  баҳси  марзӣ  ва  баргардонидани  заминҳои ба ӯ иҷора дода шуда, дасткӯтоҳӣ дораду, ба ҳар баҳона санаду далелҳои муътанад  ва  таърихиро  рад намуда истодааст, ки ин шояд боз ҳам вазъиятро  дар  минтақа  муташаниҷ созад, зеро то ба имрӯз амалкарди ҷониби Қирғизистон масъаларо аз як масъалаи давлатӣ ба як масъалаи баҳсию байналмиллалӣ табдил додааст.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                     

Худойбердиева Ҳалима