1-ДЕКАБР «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО»

Қубодиён:  

1-декабри соли 2022 бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО»дар ноҳияи Қубодиён чорабинии оммавӣ дар бахшҳои гуногун баргузор гардид.

Сароғоз, фаъолони ҳизбӣ, роҳбарият ва табибону иштирокдорон ах намоиши сайри китоб ва шиору овезаҳои инъикоскунандаи  бемории ВНМО, нашъамандӣ, сил, солимии модару кӯдак ва роҳҳои пешгирии онҳо, тарзи ҳаёти солим боздид намуданд, ки масъулин барои иштирокдорон шарҳу тавзеҳи лозимиро баён доштанд.

Ҳамзамон, бобати ташаккули тарзи ҳаёти солим, таҳкимии саломатии ҷомеа, рушди солимии фардӣ ва тарғиби ҳаёти осоишта бо варзиш варзишгарони ноҳияи Фархор намоиши композтсияҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва дастовардҳои соҳаро ба маърази дид гузоштанд. Инчунин наврасони даврони истиқлоли Ватан дар мавзуҳои  ҳаёти солим, оқибати даст задан ба нашъамандӣ, Ватан, истиқлол шеърҳо қироат намуданд.

Табибон, масъулини хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, кор бо занон ва оила роҷеъ ба мавзуҳои роҳҳои сироятёбии ВНМО (СПИД), оқибати нашъамандӣ, солимии модару кӯдак, пешгирии паҳншавию сирояти бемориҳои зикршуда, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва амсоли ин суханронӣ намуданд.