КУМАК БА ШАХСОНИ НИЁЗМАНД – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

КИВ: Андеша  

Кумак намудан ба шахсони ниёзманду бесаробон ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор рафта, амали хайру нек ва дар назди Худованд кори савоб аст. Ҳар як инсони рӯи замин бояд нисбати барҷомондагон ва бепарасторон ғамхору меҳрубон ва кумакрасон бошад. Зеро қалби ин гуна инсонҳо хеле нозук ва ҳассос мебошад ва онҳо доимо ба лутфу меҳрубонӣ ва кумак ниёз доранд. Бояд қайд намуд, ки дар ҷомеа ҳастанд нафароне, ки хеле саховатманду дасткушод мебошанд. Онҳо ҳамеша аз пайи амалҳои хайр кӯшиш намуда, дасти ёрӣ дароз намудан ба барҷомондагон ва бепарасторонро қарзи инсонии худ мешуморанд. Шахсони саховатпеша ва накӯкор аслан инсонҳое мебошанд, ки бо чеҳраи кушод, лафзи ширин ва амалҳои хайр ниёзмандонро ҳамдаму кумакрасон мегарданд. Инсони саховатманд доимо ба ёру рафиқ, хешу ақрабо, ҳаққу ҳамсояҳо ва ошноён ғамхорӣ зоҳир намуда, ба онҳо дар тангдастиашон доимо кумакрасон аст.

Аммо, мутаассифона, дар ҷамъият шахсоне низ ёфт мегарданд, ки хеле дилтанг буда, намехоҳанд ба касе ёрӣ расонанд, дарди қалби як ниёзмандро дармон бошанд. Ин қабил одамонро дар байни халқ бахил, мумсик, ҳарис ва бераҳм ном мебаранд. Инҳо шахсонеанд, ки аз молу сарвати дунё асло сер намегарданд, ба дарди касе марҳам намешаванд ва дороии хешро бо ниёзманде тақсим намекунанд. Зеро қалби онҳо мисли санг буда, раҳму шафқат дар он ҷой надорад.

Мо, инсонҳо медонем, ки умри он қадар дароз намебинем, дар ин умри кутоҳ фақат некӣ кардан боқӣ мемонаду бас, на бадӣ. Пас, биёед, нисбати ниёзмандон ва барҷомондагон фақат хубӣ ва раҳму шафқат дошта бошем, пайваста амалҳои хайр ва некро ба ҷо биёрем, зеро ин дунё муваққатист.

Бубинед, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба ниёзмандону бепарасторон ва барҷомондагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, доимо аз аҳволи онҳо бохабар мешаванд, онҳоро хору ҳақир шудан намегузоранд ва ба онҳо тамоми шароити мусоидро фароҳам меоранд. 

Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон