“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” ДАР ХАТЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷрои вилоятии ҳизб як қатор иқдомҳои ободониву созандагиро рӯи даст гирфтаанд.  Амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва гирду атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» аз зумраи ташаббусҳои наҷиби ҳизбиёни вилояти Хатлон мебошад.

Тибқи иттилоъ  амалиёти мазкур аз оғози соли 2021 ин ҷониб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ шуда, ташаббускорон дар якҷоягӣ бо сокинон дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳоро аз алафҳои худрӯй ва хасрӯбаҳо  тоза менамоянд. Чорабинии оммавӣ “Рӯзи ёдоварӣ”дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои Ҳаракати Ҷамъиятии Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда, то имрӯз  миёни ҷомеа  ҳамовозии зиёд пайдо  кардааст.
Дар доираи ин ташаббуси хайрхоҳонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сокинони вилояти Хатлон якшанбеи охири ҳар моҳ  ба тоза кардани қабристонҳои маҳали худ машғул мешаванд.

Бинобар иттилоъ  санаи 27 ноябри соли равон  дар ҳошияи ҳамоиши “Рӯзи ёдоварӣ”  ташаббускорон  дар якҷоягӣ  бо сокинон  дар 94  оромгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳашарҳои умумӣ гузаронидаанд, ки дар ин амалӣ хайр 15 ҳазору 341 нафар  сокинон иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки дар идомаи ҳамоиши мазкур ташаббускорон дар баробари  тоза кардани қабристонҳо, роҳравҳоро ҳамвору сангфарш намуда, дар ҳудуди оромгоҳҳо 212  бех ниҳолҳои сояафкан шинонидаанд.

Шуъбаи иттилоот ва матбуоти
 КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон