ҲОСИЛ ЗИЁДУ ХАРИДОР КАМ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҷамъоварии лимӯ дар Тоҷикистон аз моҳи ноябр оғоз гардида, то моҳи январ идома меёбад. Ба гуфтаи лимӯпарварон имсол ҳам гармхонаҳои лимӯпарварӣ ҳосили фаровон доранд, аммо набуди харидори ин меваи субтропикӣ лимӯпарваронро нигарон кардааст. Бинобар ин қисми зиёди онҳо то кунун ҳосили дастранҷи хешро ҷамъоварӣ накардаанд.

Мунтазири харидор

Маҳмадтолиб Ҷобирови 44 сола аз зумраи деҳқононест, ки имсол гармхонаҳои лимӯпарвариаш ҳосили фаровон доранд, аммо имсол харидори худро пайдо накардааст. Ҳамин шабу рӯз мавсими ниҳоят мувофиқ барои ҷамъоварии ҳосили лимӯ аст, вале мисли солҳои пешин харидорон аз шаҳри Душанбе, Ҳисор ва дигар минтақаҳои кишвар наомада истодаанд.

«Мо лимӯи «Майер»,-ро парвариш мекунем, ки таъмаш бомазза ва сифаташ хуб аст. Нисбат ба солҳои пешин имсол ҳосили гармхонаҳои лимӯ ниҳоят фаровон аст, лекин ҳосили заҳмати мо харидор надорад. Ба ростӣ мунтазири харидорон буда, умедворем соҳибкорон омада, маҳсулоти моро барои содирот ба дигар кишварҳо харидорӣ мекунанд»,-мегӯяд М. Ҷобиров.
 

Аҳли хонаводаи Ҷобировҳо барои ташкили ҷойи кор ва таъмини шароити зиндагии худ соли 2012 Кооперативи тиҷоратии «Сомон»-ро дар зодгоҳашон ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён таъсис доданд. Давоми 10 соли ахир ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида, зиндагии худ ва чанд оилаи ниёзманди деҳаро низ беҳ сохтанд.
 

Кӯшониён аз лиҳози ҷуғрофӣ ва нуфузи аҳолиаш аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон ба шумор меравад. Аксари сокинони ноҳия кишоварзиро манбаи асосии даромади оилаҳои худ медоданд. Масъулини Кооперативи тиҷоратии «Сомон» дар майдони 2 гектар замин 13 гармхонаи  парвариши лимӯ бунёд намудаанд. Дарозии гармхонаҳои лимӯпарварӣ 100-180 меттро дар бар гирифта, дар ҳар гармхона аз 100 то 190 бех ниҳоли лимӯ шинонида шудааст.
 

Тибқи иттилоъ дар самти парвариши лимӯ ноҳияи Ҷайҳун дар миқёси ҷумҳурӣ  маълуму машҳур аст.  Ҳамасола аз ноҳияи мазкур  садҳо тонна лимӯи хушсифат парвариш ва истеҳсол шуда, ба дигар минтақаҳои мамлакат ва ҳатто хориҷ аз кишвар содирот мешавад. Ниҳолҳои гармхонаҳои Кооперативи тиҷоратии «Сомон» низ аз ноҳияи Ҷайҳун оварда шудаанд, ки ҳамасола ҳосили хуб бабор меоранд.
Лимӯпарварони баъзе шаҳру ноҳияҳо, ки то ҳол маҳ-сулоташон харидор пайдо накардааст, ҳосилро ҷамъоварӣ намуда, захира карда истодаанд. «Аслан фурӯш ё ҷамъоварии лимӯ аз харидор вобастааст. Мо худамон дар бозорҳо намефурӯшем. Харидорон омада, худашон дар якҷоягӣ бо коргарони кирояи мо ҷамъоварӣ карда, барои фурӯш мебаранд. Агар ҳамаи маҳсулотро харидорӣ кунанд, ҳосил дар як моҳ тамом мешавад»,-ироа дошт Маҳмадтолиб Ҷобиров.

Аз тавсияи лимӯпарвар

Ба гуфтаи М.Ҷобиров ташкили гармхона кори осон нест. Онҳо дар рӯзҳои аввали таъсиси корашон пули зиёд сарф кардаанд. Азбаски гармхонаҳояшон ниҳоят бузург ҳастанд, барои сохтани як адади он 150 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Барои сармо назадани дарахтон болои гармхонаҳоро бо плёнка маҳкам карда, дар муддати 3 сол як маротиба плёнкаҳои онҳоро иваз мекунанд.
«Лимӯпарварӣ ҳам мисли дигар кори деҳқонӣ нозукӣ ва мушкилиҳои худро дорад. Ҳар рӯз бояд аз ҳоли дарахтон ва ҳарорати дохили гармхонаҳо огаҳӣ дошта, корҳои агротехникӣ низ бояд саривақт анҷом дода шавад. Масалан, барои ҳосили хуб гирифтан мо дар як мавсим ду маротиба аз доруҳои азотӣ истифода мебарем. Тибқи меъёр сари ҳар дарахт ду килограммӣ дорӯ рост меояд. Инчунин, доруҳои барзидди ҳашароти зарарасонро низ истифода мекунем»,- мегӯяд ӯ.

Оилаи Ҷобировҳо ҳама-сола маҳсулоташонро бо нархи аз 8 то 12 сомонӣ мефурӯхтанд. Ҳарчанд хушҳол ҳастанд, ки имсол ҳосили дарахтон нисбати соли гузашта фаровонтар аст, вале то ҳол харидор пайдо нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола то ин вақт қисми маҳсулоташонро мефурӯхтанд.
Маҳмадтолиб Ҷобиров ме-гӯяд, ки ҳамасола дар мавсими ҷамъоварии лимӯ то 40 нафар аз оилаҳои ниёзманд коргар мегиранд ва ҳаққи корашонро саривақт пардохт мекунанд. Лимӯпарварӣ ягона манбаи даромади ин хонавода буда, аҳли оила дар Кооперативи тиҷоратии хеш меҳнат карда, рӯзгорашонро таъмин мекунанд.

Қимати дору боиси болоравии нархи маҳсулот

Имсол боло рафтани нархи нуриҳои минералӣ дар бозорҳо нигаронии деҳқононро бештар ва қимати маҳсулотро баланд бардошт. Мардум низ аз гаронии нарху наво зиёд интиқод карданд. Мусоҳиби мо мегӯяд, ки дар мавсими имсола як халта нурии минералиро бо нархи 600 сомонӣ харидорӣ карданд. «Қимат шудани арзиши доруҳои азотӣ боиси боло рафтани нархи маҳсулот мегардад. Мо деҳқонон дар асоси сарфу харҷи кардаамон нархи маҳсулотро муайян мекунем. Дар баробари доруҳо қимати сӯзишворӣ низ боло рафт, зеро бештари ҳаҷми корҳои замин тариқи техника анҷом дода мешавад»,- мегӯяд лимӯпарвар Маҳмадтолиб Ҷобиров.
 

Ба гуфтаи деҳқонон иқлими вилояти Хатлон барои парвариши бештари маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, меваи субтропикӣ мусоид мебошад. Ҳамасола, аз ин вилоят садҳо тонна лимӯи хушсифат истеҳсол шуда, ба  бозорҳои дохилу хориҷ аз кишвар содирот мешавад.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»