ҲХДТ – МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар ҷомеаи муосир дар шароити ташаккулёбии рукнҳои демократӣ – авлавияти озодӣ ва иштироки халқ дар муносибатҳои идоракунии давлатӣ рушди фаъолияти ниҳодҳои ҷамъиятии сиёсӣ, намояндагии ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҳизбҳои сиёсӣ ногузир мебошад.

Дар таърихи сиёсии ҷаҳон ин талабот дар таҷрибаи давлатҳо, албатта, яку якбора ҷорӣ нагардидааст, чунончӣ дар Тоҷикистон, ки давоми 70 сол мардум зери таъсир ва ҳукмфармоии ҳизби коммунистӣ, низоми авторитарӣ-яккаҳизбӣ ҳаёту фаъолият доштанд ва тамоми пешравиҳоро аз ҳокимияти давлатӣ-шӯравӣ вобаста медонистанд. Мувофиқан, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (1990-2000) озодии ҳаёту фаъолият, мустақилияти том, гуногунандешӣ, иштирок дар идоракунии давлат, дар ин зимн мавҷудияти якчанд ҳизбҳои сиёсӣ ва пайравӣ ба яке аз онҳоро (дилхоҳро) дарк карда наметавонистанд. Ҳатто, ба қабул гардидани қарорҳо оид ба пошхӯрии собиқ давлати шӯравӣ ва барҳам хӯрдани ҳизби бузурги коммунистӣ шоҳид гардида, ҳамоно эътимоди худро, ки албатта нодуруст ва саҳв буд, ба ин ниҳоди авторитарӣ идома дода, сохти тозабунёди демократӣ, озодихоҳиро инкор мекарданд.
 

Яъне, идеологияи собиқ ҳизби коммунистӣ дар умқи мафкураи мардум то ҳадде ҷой гирифта буд, ки аксарият роҳи саҳв ва ё хаторо дуруст шуморида, арзишҳои таърихию фарҳангии аҷдодӣ ва ҳастии худро қурбон ва инкор карда, тобеиятро эҳсос накарда, ба бозгашти ин низоми авторитарӣ умед доштанд. Ин ниҳод дар воқеъ, гарчанде нокомил ҳам буд, ҳамчун мактаби сиёсии коммунистӣ бо идеологияи сотсиализм «адолати иҷтимоӣ» дар ҷаҳон мақоми хоса пайдо карда буд.
 

Воқеан, аз таърихи начандон дури кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – дар давраи ҳукмронии собиқ давлати шӯравӣ аҳолии қувваи меҳнатӣ бештар ба корҳои кишоварзию саноатӣ (пахтакорӣ, ғаллакорӣ, истеҳсоли энергетика ва ғ.) ҳамчун дастгоҳи истеҳсолотӣ истифода гардида, ҷомеа аз татбиқи арзишҳои олии инсонӣ, ба монанди такмили илму дониш, эҳё ва рушди фарҳанг, анъана ва дар умум камолоти шахсият фориғ монда буд. Яъне, «адолати иҷтимоӣ» ҳамчун идеология дар рӯи қоғаз боқӣ монда, аслан баръакси он – нобаробарии иҷтимоӣ амалӣ мегардид.
 

Дар ҳамин шароит, аз як тараф зарур буд, ки бар ивази «мактаби сиёсии коммунистӣ» мактаби сиёсии комил ташкил меёфт, аз тарафи дигар бояд шахсияте ин мактабро роҳбарӣ ва ё пешбарӣ мекард, ки дар байни мардум соҳиби нуфузу мақоми воло мебуд; илова бар ин, мактаби сиёсии демократӣ бояд ба низоми барҳамхӯрдаи коммунистӣ, бо ҳадафу вазифаҳои таъсиргузор ва созанда муқовимат карда метавонист.
 

Ҳамин тариқ, ин мактаби сиёсии демократӣ дар симои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1992-1994 ташаккулёфта арзёбӣ мегардад. Асосҳои назриявӣ-идеологии (фаъолияти ояндаи) Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи ноябри солии 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, онҳо соли 1994 (10 декабр) зимни расмиёти (бақайдгирии) давлатии ҲХДТ, дар ҳуҷҷати асосии (Оинномаи) он дарҷ карда мешаванд. Албатта, дар ин баробар якчанд ҳизбҳои сиёсӣ низ, ташкил меёбанд, ки ҳар кадом мактаби хоси сиёсии худро дошта, имрӯз ҳам, ба истиснои ҳизби мамнуи (террористии) наҳзат, фаъолият доранд, аммо мактаби сиёсии Пешвои миллат ба идеологияи маъруфи коммунистӣ муқовимат карда тавониста, дар қалби мардум ҳамчун ҳизби халқӣ ҷой гирифт.     
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали қадам ниҳодан ба арсаи сиёсат ба ташаккули рукнҳои назариявию амалии мактаби сиёсии худ бо рисолати адолатпарварию инсондӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, нексириштию поктинатӣ, садоқатмандию ватандӯстӣ ва созандагию бунёдкорӣ пардохта буд.

 

Аз рӯзҳои аввали сарварӣ, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ноябри соли 1992) Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ иброз намуда буданд, ки «...мақсаду мароми мо бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад».
Чи тавре маълум аст, худи мафҳуми «демократия» ба принсипи идоракунии давлат аз ҷониби халқ асос меёбад. Зимнан, идоракунии давлат аз ҷониби халқ ба воситаи институти намояндагӣ ба роҳ монда мешавад. Яъне, бо ифодаи содда, гурӯҳи одамон аз байни худ якеро интихоб намуда, барои намояндагӣ, муаррифию пуштибонӣ ва пешбарии ҳадафҳо дар институти ҳокимияти давлатӣ сафарбар менамоянд.

 

Маҳз дар ҳамин ҷо, интихоби намоянда, дар сохти демократии ҷомеа нақши ҳизбҳои сиёсӣ зарур мегардад.Ҷомеаи демократӣ сохти идоракуние мебошад, ки дар он асоси пешрафти сиёсии давлатро гуногунандешӣ ва ё бисёрҳизбӣ ташкил медиҳад. Яъне, яке аз институтҳои фаъоли ҷомеаи ҳизби сиёсӣ аст, ки манфиатҳо ва ҳадафу идеяҳои сиёсии аъзои худро (мардумро) ташаккул дода, бо роҳи иштирок дар идоракунии ҳокимияти сиёсӣ татбиқ менамояд. Бо ифодаи дигар, таҳкурсии сиёсии ҷомеаи демократиро ҳизбҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ин ниҳод хеле фаъол буда, дар аксар кишварҳои ҷаҳон самти сиёсии ҳукуматҳоро муайян менамояд.
 

Ҳамин тариқ, яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ дар самти демократикунонии муносибатҳо ва татбиқи бомароми ғояҳои сиёсӣ – 10 декабри соли 1994 таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарурати таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба се ҷанбаҳои зерин асос меёбад: Якум, дар шароити ҷомеаи демократӣ, ки гуногунандешии сиёсӣ ва идоракунии ҳокимият тавассути ниҳодҳои сиёсӣ тақозо мегардад, зарур буд, ки бар ивази низоми барҳамхӯрдаи шӯравӣ ҳизбе таъсис дода мешуд, то ин ки аз як тараф ҷойи холишударо пур мекард ва аз тарафи дигар барои рақобати комили сиёсӣ шароит фароҳам меовард.
 

Дуюм, ниҳоде лозим буд, ки бар асоси ниёзи мардум бояд амал менамуд, бар таҳдидҳои берунӣ, аз ҷумла ғояҳои сохта ва бофтаю дини мубини Исломро олуданамуда истодагарӣ намуда, оташи барафрӯхтаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш менамуд.
Сеюм, ниҳоде бояд ташкил меёфт, ки ба талаботи институти демократия ва меъёрҳои байналмилалии идоракунии ҳокимияти сиёсӣ мутобиқат менамуд.
Дар навбати худ, ҳизбҳои сиёсӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ ва ё ба даст овардани идоракунии ҳокимияти давлатӣ фишангҳои гуногунро истифода менамоянд.

 

Боиси изтироб он аст, ки даҳсолаҳои охир дар ин муносибат фишангҳои нокомил ва ё ғайриқонунӣ, он низ экстремистӣ бештар истифода шуда истодаанд. Яъне, агар давраҳои аввали ташаккулёбӣ ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун институти фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ба даст овардани боварии халқ ва намояндагии онҳо дар ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ амал мекарданд, пас имрӯзҳо, мутаассифона, ин тартиби амал тағйир ёфта, василаҳои нокомил, бо роҳи таҳдиду зӯрӣ ва дурӯғбофиву роҳгумсозӣ ба даст овардани ҳокимият рӯи кор омадааст.   
Аз ин рӯ, ҳар гоҳе ки дар ҷомеа маъракаҳои интихоботӣ пеш меоянд, дар баробари берун омадани ҳаракатҳои идеологии комил, ҳаракатҳои идеологии нокомил ё инки экстремистӣ низ берун меоянд. Маҳз ҳамин ҳолат, яъне муқовимат бо ҳаракатҳои идеологии нокомил моро водор месозад, ки василаҳои тарғиботии худро пурқувват сохта, тадбирҳои саривақтӣ амалӣ намоем.

 

Дар воқеъ нақш ва хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳии давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо зери мактаби сиёсии Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, - мактаби сулҳоварӣ низ, аҳамияти хосса дорад. Яъне, зимни омӯзиши таҷрибаи сулҳоварии Тоҷикистон хонанда, хоҳ нохоҳ ба фишангҳои сиёсӣ пешорӯ мегардад, ки онҳо аз барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеоянд.
Ҳамин тариқ, мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ин рисолат дар ду маврид, давра ба давра ба воситаи барномарезии вазифаҳои алоқаманд амалӣ карда мешавад.

 

Якум, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни иштирок дар интихоботҳои парламентӣ. Принсипи амалии ин механизм ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, бо тартиби таҳлилу омӯзиши мушкилоти рӯзмарраи мардум, муайян намудани роҳу усулҳои дастрас ва имконпазири ҳалли мушкилот ва ҷамъоварии он дар шакли барномаи даврӣ татбиқ карда мешуд. Илова бар ин, муҳтавои барномаи таҳияшуда ба воситаи сохторҳои ҳизбӣ ва номзадони ҳизб ба мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ зимни мулоқоту вохӯриҳои пешазинтихоботӣ ба интихобкунандагон расонида шуда, мавриди зарурат такмил дода мешуд. Ҳамчунин, барномаҳои пешазинтихоботии номзадон мансаби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба барномаи ҳизб асос меёфт. Маҳз ҳамин механизм барои дар амал татбиқгардии ҳадафҳои барномаи ҳизб шароитҳои зарурӣ фароҳам меовард.
 

Дуюм, тариқи таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни интихоботи даврӣ. Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили гурӯҳҳои олимону муҳаққиқон ва баррасии мушкилоти воқеии мардум таҳия ва дар давраи муайян татбиқ мегардад. Маҳз барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб асоси фаъолияти дохилию хориҷии мақомоти ҳокимияти давлатиро ҳамчун ҳизби пешсаф ташкил медиҳад. Татбиқи ҳадафҳои бар-номавӣ бошад, тариқи таҳия ва амалӣ намудани консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои гуногуни давлатӣ, ҳамзамон нақшаҳои соҳавӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро имрӯз метавон ҳамчун ҳомии мактаби сиёсии Пешвои миллат ном бурда, ба рушди он, аз як тараф то ба сатҳи ҷамоатҳо, маҳаллаву деҳот ва ҳар як оила ва аз тарафи дигар дар сатҳи байналмилалӣ талош варзид.

 

Ба сифати иштирокчиён ва ё шунавандагони асосии мактаби сиёсии Пешвои миллат аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро арзёбӣ кардан мумкин аст, ки шумори онҳо ба беш аз 500 ҳазор нафар расида, ботадриҷ афзоиш меёбад. Кормандони асосии ҲХДТ, аз ҷумла раёсати ташкилотҳои ибтидоӣ, ки мақомоти ибтидоӣ, маҳаллии иҷроияи фаъолият мебошанд, дар сатҳи кишвар 6600 адад буда, масъулияти амалӣ намудани корҳои ташкилиро ба душ доранд. Воситаҳои таъминоти иттилоотии ҷомеаро ҳафтаномаҳои ҳизбӣ, аз қабили Минбари халқ бо 100 ҳазор шумора, Ҳамрози халқ бо 20 ҳазор шумора, Мароми пойтахт бо 20 ҳазор шумора ва Сухани халқ бо 20 ҳазор шумора ташкил медиҳанд, ки ҳар ҳафта ба хонанда бо ахбори муносиб ва муфид мерасанд. Ҳамзамон, дар сатҳи сохторҳои ҳизбӣ садҳо сомонаҳои интернетӣ ва ҳазорҳо саҳифаҳои иҷтимоӣ амал мекунанд, ки дар ростои фарогирии доираи васеи шаҳрвандон бо иттилооти комил саҳмгузор мебошанд.       
 

Кадрҳои ин мактаби сиёсӣ бошад, дар муддати кӯтоҳ соҳиби малакаи хуби идоракунӣ, таҷрибаи фаъолияти идеологӣ ва сиёсӣ гардида, мунтазам ба зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ва мансабҳои олии сиёсӣ роҳ меёбанд, ки ба ҳадаф мувофиқ аст. Дар умум, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти бутуни сиёсӣ бо сохтори идоракунии шакли амудӣ-амалӣ буда, дар ҳама минтақаҳо, оғоз карда аз сатҳи деҳот бо принсипи идоракунии ҳудудӣ ва ё ташкилоту муассисаҳои муайян бо принсипи идоракунии соҳавӣ то ба сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият мекунад.
 

Хулоса мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешсаф, пешоҳанги ҷомеа буда, дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият дошта, баҳри рушди устувори Ватани азизамон – Тоҷикистон талош меварзад.
Барои мо - олимон ва муҳаққиқон ҳамчун иштирокчиёни ин мактаби сиёсӣ месазад, ки дар роҳи таҳкими рукнҳои илмӣ – таҳия ва барои ҷомеа, аз ҷумла ниҳодҳои амалӣ пешниҳод намудани асосҳои назариявию методии он, яъне ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста талош варзида, самаранокии устувор ва пойдории онро (мактабро) таъмин намоем.

Миралиён Қиёмиддин,
раиси Кумитаи иҷроияи
ҲХДТ дар вилояти Хатлон, доктори илмҳои сиёсӣ