МО ҶАВОНОН АҚИДАҲОИ ИФРОТӢ ВА АМАЛҲОИ ТЕРРОРИСТИРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Данғара: Вокуниш  

Терроризму экстремизм зуҳуроти замони наванд ва муқобили онҳо бояд мубориза бурд. Усулҳои мубориза зиёданд. Аз он ҷумла, ба даст гирифтани ташаббус. Масалан, исломро ба бачаҳо бояд ҳачун василаи пиёда расидан ба ҳақ омӯхт, на чун  воситаи пиёда кардани ҳадафҳои гурӯҳӣ. Имрӯз дар зеҳнӣ баъзе ҷавонон ҷойи ёдҳои дилбарона андешаҳои экстремистӣ сайр  мекунанд. Ҷавонони дорои хулқу атвори нек ва писандида низ дар кишварамон зиёданд, вале миёни онҳо роҳгумзадагон ва ба доми макру фиреб афтода ҳам ҳастанд. Бештар ба найрангу фиреби наҳзатиҳо аъзои ҷомеа бештар аз воқеаҳои гуногун огоҳӣ дошта, кӯшиш менамоянд то ҷое таъсиррасони он бошанд. Чун кӯшишҳо гоҳо ҷавононро ба роҳи хато, ба сарҳади гумроҳӣ низ мебаранд, ки ин ҳолатро мо дар мисоли нангини солҳои 90 – ум мушоҳида намуда будем.  Тавассути чеҳраҳои  буду манфури ин тоифа, ғаразҳои нопоку палидашон, ғасби ҳокимияти конститутсионӣ, кӯштори чеҳраҳои намоёни миллат аз амалҳои зишти ифротиён бозгӯӣ менамоянд. Дар ҷомеа баъзе шахсиятҳо терроризмро амале унвон медиҳанд, ки гӯё дар ҳамаи давраҳои таърихӣ инсониятро ҳамроҳӣ намудааст, аммо ин ақидаҳо асосӣ воқеӣ надорад. Решаҳои терроризм хеле чуқур мебошад. Манъбаи иҷтимоии он ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ – фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ нафаре аз дасти террористҳои байналмилалӣ, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам худро осуда ҳис карда наметавонад.            

        - Барои ҳамин ин пеш аз ҳама падидаи терроризмӣ байналмилалӣ коркард карда шуда, решаҳои он ва омилҳое, ки онро ба вуҷуд меорад муайян карда шаванд.;

  • Баланд бардоштани сатҳи зандагии мардуми олам ва ҷалби тамоми табақаҳои ҷомеа бо як овоз дар мубориза ба терроризм;
  • Аз байн бурдан ва коста гардонидани амалҳои номатлуби ҷомеа, мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ;
  • Хатари асосие, ки терроризми байналмилалӣ ба бор овардааст тақозо менамояд, ки одамон аз андешаи кӯтоҳ ва назорати ғалат дар бораи мафҳуми “Терроризм”, халос гардида, пеш аз ҳама бояд аз рӯи принсипи худи – бегона даст кашанд. Аммо бояд қайд кунем, ки амалҳои террористие, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар ҳудуди давлатҳои мусулмонӣ мавриди амал қарор медиҳанд боиси марги мардуми бегуноҳи ин сарзаминҳо мегардад. Сарварони гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз ҳисоби манфиатҷӯён ва манфиатдорон силоҳнок шуда, барои давлатҳои хурд – хурди мусулмоние, ки дар арафаи рушд ва тараққиёт мебошанд, хатарҳои зиёдеро оварданианд. Бадхоҳани миллат худро ғамхору меҳрубони  миллат муаррифӣ намуда, дар сомонаҳои худ нисбати Тоҷикистони азизи мо андешаҳо меронанд, ки ягон асосу далелҳои шаръи надоранд. Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд.

Мо Тоҷикистониён пеш аз ҳама тоҷик ва Тоҷикистоние бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, миллати ягонаи муттаҳид, суботи сиёсию ҷамъиятии бароямон аз ҳама арзишу манфиатҳои дигар болою воло бошад.

Пеш аз ҳама, бояд калонсолон дар чунин ҳолат бетараф набошанд. Онҳо назорати ҳамешагии худро ба рафтору кирдори ҷавонон вазифаи ҷонии худ ҳисобанд. На танҳо падару модар, балки тамоми аъзои ҷомеа, ки нисбат ба ватану миллати худ арҷ мегузоранд, бояд ба ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанд.

ВОҲИД Дилафрӯз Сафарӣ – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара