ҶАВОНОН ДАР ФАЗОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Вокуниш  

Ҳукумати кишвар бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, махсусан ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Фарҳанги ҷавонон дар фазои озоди иҷтимоӣ муаррифӣ шудааст, ки ҷавонон дар оила, мактаб, мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо метавонанд, тарбияи аслро дошта бошанд, аммо дар иҷрои супориш озод нестанд ва пурра дар идоракунии калонсолон мебошанд.

Омӯхтани технологияи муосир ва омўзиши забонҳои анлисӣ, русӣ, олмонӣ диққати чавононро ба худ чалб намудааст, чунки замони муосир дар сиёсат, иқтисод, иҷтимоӣ ва муошират фарҳанги баланди кориро аз мутахассиси имрӯза талаб мекунад.

Ҷавонон, ки худ гурӯҳи алоҳидаи ҷомеа ва аз рӯи синну сол талаботҳои гуногунро доро мебошанд, имрӯз хуб аст, ки ба ҷавонони мо ҳамаи сохторҳои давлатӣ-ҷамъиятӣ ва созмонҳои гуногуни ҷомеа коллективҳои меҳнатӣ дар тарбияи фарҳангӣ аз ганҷинаҳои беҳтарин арзишҳои баланди меросии адабиёту ҳунар ва дар ташаккули донишҳои техникию технологӣ ва иттилоотӣ сайъу кӯшиши зиёде мекунанд.

Дар тарбияи ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон фарҳанг мақоми арзишманди баланде дорад. Имрӯз бо ифтихор бояд гуфт, ки дар кишвари соҳибистиклоли мо, ҳамаи омилҳои асосии моддию маънавии тарбияи фарҳангии ҷавонон муҳайё гардидааст.

Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад.

Тоҷикистони азиз дар симои ҷавонони далеру шуҷои худ фарзандонеро дорад, ки баҳри пешрафту саодати он ба ҳама чи тайёранд ва дар пастиву баландии зиндагӣ аз худ ҷасорат нишон дода метавонанд. Дар воқеъ имрӯз давлату ҳукумат ҳама чизро барои рушду пешрафти ҷавонон муҳайё кардааст, ки ин ғамхориҳо ҷавононро руҳбаланд намуда, барои кӯшишу ғайрати онҳо, ҷиҳати хизмат ба Ватан-Модар мусоидат мекунад.

Сатторова Моҳбону, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён