ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ВАТАНДУСТӢ

Бохтар: Андеша  

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби парчам ва нишони миллӣ гардидем, ки ин аз нишонаҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиклол яке аз зеботарин парчамҳо дар миқёси байналмиллалӣ мансуб меёбад. Ин натиҷаи ҷаҳду талошҳо ва маҳсули меҳнату заҳмати мардуми мо буда, давраҳои гуногуни таърихиро паси сар намудааст.                                                   

Мардуми ориёӣ, яке аз қадимтарин халқиятҳое мебошанд, ки соҳибпарчам буданд. Имрӯз дар таърихи башарият «Дирафши Ковиён» ба андозае шинохта шудааст, ки аз нахустин рамзҳои муқаддаси давлатдорӣ барои озодӣ аз зулму ситами шоҳони хунхор мансуб меёфт. Миллати тоҷик низ аз қабили мардумони ориёӣ мансуб ёфта, дар тӯли ҳазорсолаҳо урфу одат ва расму русумҳои хешро нигоҳ доштаанд. Вақте, ки ибораи парчами давлатиро ба забон меорем хоҳ нохоҳ ин ё он давлат пеши назарамон меояд. Маълум мегардад, ки парчами давлатӣ ин зеб ва хосу мансуби ҳар як давлат аст. Аз ин ҷост, ки ҳар як давлат дар миқёси сайёра арзи ҳастӣ кард, вай ҳарчӣ зудтар ба таҳия ва тасдиқи парчами давлатиаш даст мезанад. Пӯшида нест, ки ҳар як давлатро дар ҷаҳони муосир қабл аз ҳама аз рӯи парчами давлатиаш мешиносанду эҳтирому этирофаш мекунанд. Боиси ифтихори ҳар як фарди Тоҷикистон аст, ки парчами давлатии мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон мавқеи худро дорост. Имрӯз дар ҳар як комёбиҳое, ки фарзандони халқи тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ба даст меоранд, садои Суруди миллӣ бо бардоштани Парчами давлатӣ анҷом дода мешавад. Ҷавонони мо дар олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, викторинаҳои байналмилалӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо маротиба ширкат варзидаанд. Далели ин гуфтаҳо метавон корнамоиҳои варзишгарони тоҷик Мавзуна Чориева, Расул Боқиев, Рауф Ҳукуматов, Парвиз Собиров ва дигарон бошад, ки чандин маротиба парчами моро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд. Гуфтан мумкин аст, ки имрӯз давлате, ки даъвои ҳастӣ ва вуҷуди хешро мекунад қаблан вай бояд парчами давлатии хешро дошта бошад ва дар ғайри ин сурат шинохту эътирофи ӯ аз ҷониби аҳли сайёра душвор хоҳад шуд. Пас доштани парчами давлатӣ ин яке аз суннатҳои давлатдорӣ буда омили шинохту ҳастии давлат мебошад. Ва бидуни он фаъолият кардани давлат маънои то ҷое рисолати давлатдории хешро иҷро накардан дорад. 24 ноябр барои мардуми кишвари мо бисёр рӯзи сарнавиштсозу муҳим ва муқаддас мебошад. Зеро маҳз дар ин рӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора тасдиқ карда шуд. Имсол расо 30 сол мешавад, ки ҷумҳурии мо маҳз бо ҳамин парчам шинохта шудааст ва эътироф мегардад. Бо дарназардошти он, ки Парчами давлатӣ маҳз 24-уми ноябр тасдиқ гардидааст парлумони кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид кард, ки он 19-уми ноябр аз тарафи Президенти кишвар ба имзо расонида шуд. Тибқи он минбаъд ҳар сол дар кишварамон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Тибқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Тавре мебинем Парчами давлатӣ ин ҷо нахуст номбар шудааст. Ин ҳолат ба назари мо аз муҳиммияту аҳамияти он дар ҳаёти давлатдорӣ дарак медиҳад ва собит месозад, ки Парчами давлатӣ дар миёни рамзҳои давлатӣ бахусус Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ аз нақш ва ҷойгоҳи вижае бархурдор аст. Лозим ба ёдоварист, ки яке аз санадҳои ҳуқуқие, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчами давлатиро дар кишварамон ба низом медарорад, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12-уми майи соли 2007 мебошад. Ногуфта намонад, ки бо сабаби қабули қонуни мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 1992 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шуд. Хотиррасон бояд кард, ки тасдиқи рамзҳои давлатӣ, ки ба он Парчами давлатӣ низ шомил аст, тибқи моддаи 57 Конститутсия ба салоҳияти Маҷлиси намояндагон мансуб аст. Дар ҳамин асос Мачлиси намояндагон бо қарори махсус ва алоҳидаи хеш 14-уми марти соли 2007-ум Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тасвири нав тасдиқ намуд. Тибқи он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Ногуфта намонад, ки бо сабаби дар тасвири нав бо қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ кардани Парчами давлатӣ қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 таҳти №892 “Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”беэътибор дониста шуд. Парчами давлатӣ ин ифодагари сулҳу дӯстӣ, ваҳдату бародарӣ, мақсаду маром ва нияту ормонҳо, ягонагию якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлат инчунин иттиҳоди халқу миллатҳои гуногуни кишвар аст. Бидуни арзишҳои номбурда, ки онҳо ҳастӣ ва пойдории ҳар як кишварро ташкил медиҳанд ҳеҷ як давлат вуҷуд дошта наметавонад. Ин нуқта боиси таваҷҷӯҳ ва ҷолиби диққат аст, ки 30-юми августи соли 2011 дар арафаи 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо иштирок ва суханронии Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метра,ки баландтарин парчам дар ҷаҳон аст барафрохта шуд. Дарозии парчам 60 метр ва бари он 30 метр мебошад. То кунун баландтарин сутуни парчам дар Озарбойҷон буд, ки дарозиаш ба 162 метр мерасад. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Парчами давлатӣ ин муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишварамон мебошад. Бо дидани Парчами давлатӣ дар ҳушу зеҳни ҳар як шаҳрванд ҳисси ифтихори миллӣ ҳувайдо гардида, меҳру муҳаббати ӯро нисбат ба Ватан зиёд мегардонад. Ба ғайр аз ин фаромӯш набояд сохт, ки маҳз ҳамин Парчами давлатии ҳозираи ватанамон буд, ки моро ҳанӯз соли 1992-юм дар замони нобасомониҳо боҳам овард ва имрӯз чунин рӯзгори тинҷу ором насибамон гашт. Иловатан Парчами давлатӣ дар баробари дигар арзишҳо боис мегардад, ки тамоми мардум дар атрофи он ҷамъ оянд ва ба ободонию созандагӣ машғул бошанд. Аз ин лиҳоз мо вазифадорем ва месазад, ки ба қадри ин муқаддасоти миллии ватани хеш расида онро ҳифзу эҳтиром намоем.

Исозода Тоҷиддин Исо, декани факултети таърих ва ҳуқуқ