Парчами миллӣ-муаррифгари миллати куҳанбунёди тоҷикон

Восеъ:  

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ дар толори Қасри Фарҳанги ноҳияи восеъ Рӯзи Парчам бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ҷашни мазкур раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, раисони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ, аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”, гирандагони стипендияи президентии ноҳия, инчунин дигар кормандони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд. 

Сараввал Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро, инчунин ҳамаи сокинони ноҳияи Восеъро бо ҷашни пуршукӯҳи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки бо ибтикори Пешвои миллат 24-ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст ва минбаъд ҳамасола дар кишаварамон ин сана ҳамчун рӯзи ид таҷлил мегардад. Парчам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз аҳди қадим маҳсуб меёбад, ки таърихи чор ҳазорсола дорад. Парчам рамзи садоқат, виҷдон ва шарафи ҳар қавму қабила ба шумор мерафт ва гузаштагони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо таҳти парчамҳо саф ороста, ҳифзи марзу бум, расму оин, фарҳангу забони худро нигоҳ медоштанд. Парчами давлатӣ барои ҳамагон дорои ҳикмати баландарзише ба монанди даъват ба ягонагӣ, садоқат,шарафу виҷдон, ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум ва саҳмгузорӣ дар рушду нумуи кишвар мебошад. Парчам ифодагари ифтихору худшиносии миллӣ, рамзи давлатдории қадимаи халқи тоҷикро ифода менамояд. Бузургдошти Парчами давлатӣ арҷ гузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузаштагони форсу тоҷик ва муборизаҳои халқи ранҷбар дар масири таърих маҳсуб ёфта, ҳимоя, ҳифзи он ва арҷгузорӣ ба он қарзи ҷонии ҳар яки мост.

Дар қисмати фарҳангии чорабӣ кормандони Қасри Фарҳанги ноҳия бо ҳунари фарҳангии худ хотири ҳозиринро шод намуданд