ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ

Бохтар: Андеша  

Парчами миллӣ, ҳамчун Парчами муқаддас ифтихор аз давлат, аз ниёгон, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз пурарзиштарин мероси таърихии миллати тоҷик мебошад. Шукргузор аз онем, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳиби Парчами миллии худ гаштем. Парчами миллат дар худ қувва ва неруи муттаҳидкунандаву сарҷамъона дошта, мардуми кишварро ба хотири амалигардонии мақсаду мароми ояндасоз даъват менамояд. Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз рангҳои сурху сафеду сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат мебошад, дар қатори суруди миллӣ ва нишон аз рамзҳои давлатдорӣ ба шумор меравад.                       Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол ва нишонаи соҳибихтиёрӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Парчам рамзи асосии давлат ва миллат мебошад. Парчам аз замонҳои хеле қадим ҳимояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, мақому манзалати арзишманд дорад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободу дурахшони Тоҷикистон аст. Парчами Ҷумхурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокинони ҷумхурӣ мебошад. Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд». Парчами мо чун дирафши ковиёнӣ барои халқи тоҷик хеле азизу гиромист. Ҳар яки мо бояд ба Парчами миллӣ эҳтиром зоҳир намоем, ҳамеша дар ҳама ҷо онро пос дорем, барои ҳимояи он бо ҳама ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, падару модар, хонавода, рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқу миллати кишвари худ аст. Парчами миллии мо, сари баланди мо, ифтихори мо, шарафи мост. Бинобар ҳамин, муносибати мо ба Парчами миллӣ бояд боэҳтиромона ва эҳтиёткорона бошад. Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқадасоти миллат – Парчам аст. Парчами миллӣ гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ору номуси ватандории мост. Ҳамаи Шуморо, хамватанони азиз ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ самимона муборакбод менамоям.

Бигузор дар фазои софи Тоҷикистони соҳибистиқлол Парчами миллӣ ҳамеша парафшон бошад!

Талбаков Эраҷ узви ҲХДТ аз ТИҲ "Роҳнамо"