Аз дастрасии интернет то истифодабарӣ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Асри 21 асри илму техника аст. Махсусан дар ин давра воситаҳои электронии ахбор хеле рушд кард. Зиндагии ҳаррӯзаи мо ба интернет пайваст гардидааст. Тамоми давлатҳои рӯи олам, бахусус кишвари мо ба ҳукумати электронӣ гузариш кардаанд. Имрӯз барои ҳар як инсони сайёра, алалхусус ба шаҳрвандони кишварамон имкони дастрасӣ ба интернет мавҷуд аст. Тамоми иттилои заруру нозарур ба ин васила ба мардум дастрас мегардад.

Интернет ва ахлоқи ҷомеа

Воқеан, интернет моро ба ҷаҳониён пайваст ва ҳамқадам бо замони мосир мегардонад.
Табиист, ки бадин васила дар баробари рушду нумӯи падидаҳои мусбати ҷамъиятӣ кирдорҳои манфии ҷомеа низ рушд мекунад. Далели ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо ворид шудани интернет он аст, ки мо дар кору фаъолиятамон аз он фаровон истифода мебарем. Аммо бояд фаромӯш насохт, ки истифодаи нодурусти интернет низ метавонад барои ҳаёти иҷтимоӣ ва ахлоқи мо таъсири манфии ҷиддӣ дошта бошад.

 

Бояд фаромӯш насохт, ки ба василаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ гурӯҳҳои иртиҷоӣ низ барои ба даст овардани сайди худ, яъне ҷавонони заифиродаи бесавод пайваста кор мебаранд. Аз ин хотир бояд ҳушёру зирак буд, то макру ҳиллаи онҳо бетаъсир бошад. Барои дурусту мақсаднок истифода гардидани интернет ҷовонони моро лозим аст ақлу фаросати худро дуруст ба кор баранд.  Аксарияти истифодабарандагони интернет ҷавонон, махсусан, донишҷӯён ба шумор мераванд. Дар раванди машғулиятҳои мо бо донишҷӯён аён мегардад, ки онҳо дар омода намудани мавзӯъҳои дарсӣ аз интернет истифода мекунанд. Аммо бояд ёдовар гардид, ки на ҳамаи донишҷӯёни имрӯза шароити харидорӣ намудани интернети моҳона ё мегабайтро доранд.

Ташаббуси созанда

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар эъҷоду татбиқи ташаббусҳои созанда нақши муассир дорад ва чанде қабл нашри махсуси нашрияи “Ҳамрози халқ”, ки муассисаш кумитаи мазкур мебошад ба дастам расид. Воқеан ҳам Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо ташаббусҳои созандаву бунёдкоронааш маҳбуби ҳамагон мебошад. Дар нашри махсуси “Ҳамрози халқ”, ки 18.08.2022 чоп гардидааст, мақолаи калонҳаҷме таҳти унвони “Аз 5 то 28 ташаббуси созанда” ба табъ расидааст. Дар миёни ташаббусҳои ҳизбӣ аз ҷумла ташаббуси 28-ум  – “Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии интернети ройгон” диққатамро бештар ҷалб кард. Гулгашти ҳизбӣ дар шафати бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташкил гардида аст ва дар он интернети ройгон ва нишастгоҳҳои замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Мушоҳида мекунем, ки дар воқеъ имрӯз барои истифода аз чунин шароит талабот зиёд аст. Хусусан дар шаҳри Бохтар – маркази маъмурии вилояти Хатлон таъмини чунин шароит, аз ҷумла барои донишҷӯён ба манфиат хоҳад буд.
 

Мақсади ташаббуси мазкур, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ташкил гардидааст, фароҳамории шароити мусоид барои ҷавонон, махсусан донишҷӯён арзёбӣ мегардад ва ин давоми мантиқии корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дастгирӣ дар самти иҷтимоиёти аҳолӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҷавононро лозим аст, ки аз чунин имкониятҳо самаранок истифода баранд. Барои ба даст овардани китобу маълумоти лозимӣ сари интернет нишаста, дониши худро сайқал диҳанд, дар ҷодаи истифодаи технологияи муосир фаъол ва ҳамқадами замон, муҳимтар аз ҳама дар дунёи рақобатҳо зираку ҳушёр бошанд.

Саидумар Мирзомуродов, омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон