АЗ САРНАВИШТИ ЯК ҲУНАРМАНД

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Ҳунар зар асту дасти ҳунарманд заргар. Ҳар нафаре, ки ҳунар дорад дар зиндагӣ муваффақ аст. Зеро дар баробари пайдо кардани рисқу рӯзӣ боз дуои нек ба даст меорад. Бузургон мегӯянд, ки дарахт бо об месабзаду инсоният бо дуо. Қаҳрамони матлаби навбатии мо Абдулмуқим Ибрагимов, аз зумраи  чунин шахсиятҳост. Ҳунар ба ӯ чӣ дод ва чаро ҳунарманд шуд, инҷо қисса кард.

Абдулмуқим Ибрагимов, устои радиову телевизион аст. Дар 27 соли фаъолияташ садҳо ашёи вайронаи сокинони гирду атрофи минтақаи шаҳри Бохтарро бо панҷаҳои дастонаш таъмиру тармим кардааст. Дӯконаш дар назди Варзишгоҳи Пахтакори шаҳри Бохтар ҷойгир аст. Аз баски маҳорати хуби устогӣ ва таҷрибаи бой дорад, мардум ашёҳои худро барои таъмиру тармим ба назди ӯ меоранд.

«Сабаби аслии ҳунарманд шуданам ин пеш аз ҳама шавқу завқ буд. Давраи мактабхонӣ ба китобхонаҳо зиёд мерафтем ва он вақт китобҳо бештар бо забони русӣ буданд. Мо дар муассиса забони русиро хуб омӯта будем ва дар хондани китобҳо мушкилӣ надоштем. Китобҳои вобаста ба сохтан ва таъмиру тармим кардани ашёро зиёд хондаам»,-мегӯяд Абдулмуқим Ибрагимов.
 

Зимни таҳияи ин мавод дар дӯкони Адулмуқим Ибрагимов намудҳои гуногуни телевизионро дидем, ки ҳар кадоми онҳо барои таъмир оварда шудаанд. Ӯ мегӯяд бархе аз устоҳо телевизионҳое,ки тақрибан 20 сол пеш баромадаанд, чандон таъмир карда наметавонанд. Аз ин рӯ дӯконаш пур аз телевизионҳои гуногун шудааст. Ӯ мегӯяд, ки имрӯз илму техника хеле рушд кардааст ва бештари вақт нозукиҳои касбашро тариқи интернет аз шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо кардаву омӯзиш мекунад. Асбобҳои махсусе, ки барои кораш лозим аст, дастрас кардааст. Агарчи даромади зиёд надорад, вале аз кори ҳаррӯзааш розӣ аст, зеро дар зиндагӣ муҳтоҷи касе нест.
 

«Кори ман ҳам мисли савдогарон аст. Рӯзе мешавад, ки даромади хуб дорам, аммо рӯзи дигар не. Масъалан дар як рӯз аз 50 то 100 сомонӣ пайдо мекунам. Ин дӯконро иҷора гирифтаам. Ба каму зиёдаш шукр. Худованд рисқро медиҳад»,- ироа кард усто.
Адулмуқим Ибрагимов дорои имконияти маҳдуд аст. 54 сола буда, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. 5 фарзанд дорад. Устогӣ ягона манбаи даромади хонаводааш аст. Бо вуҷуди имконияти маҳдуд доштанаш ҳар рӯз аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шаҳри Бохтар омада, то шом рисқи худу хонаводаашро пайдо мекунад.

«Ҳар нафаре, ки дасту пояш ҳаракат мекунад ва чашмонаш сурохии сӯзанро мебинад, бояд барои кашонидани аробаи зиндагияш талош намояд. Набояд дар якҷо нишаставу мунтазири кумаки касе бимонӣ. Ман ба фикри он нафароне, ки баҳонаи набуди кор мекунанд, розӣ нестам. Зеро онҳо дорои ягон касбу ҳунар нестанд. Бояд ҳар як нафар дар зиндагӣ барои худ ҳунаре дошта бошад. Маъюбият маро дар зиндагӣ шикаст надод»,- мегӯяд А. Ибрагимов.
 

Ҳангоми суҳбат бо Адулмуқим Ибрагимов як нафар сокини ноҳияи Кӯшониён Амрулло Займуддинов телевизиони вайронаашро ба устохонаи Абдулмуқим овард ва гуфт, ки: «Телевизионамро соли 2005 харидаам, бори аввал аст, ки вайрон мешавад. Назди чанд усто бурдам, аммо таъмир карда натавонистанд. Яке аз онҳо суроғаи ҳамин усторо ба ман дод».
 

Мусоҳиби мо Адулмуқим Ибрагимов мегӯяд, ки маъюбияташ модарзодӣ аст. 330 сомонӣ нафақапулӣ мегирад. Бо вуҷуди имконияти маҳдуд доштанаш баъди хатми мактаби миёна таҳсилашро дар Литсейи касбии техникии шаҳри Душанбе дар бахши муҳосибот идома дод. Баъди хатми он 3 сол дар якеа аз китобхонаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз рӯйи ихтисосаш фаъолият намуд. Вале ҳунари устогӣ ӯро ба дунёи таъмиру тармими ашёҳои вайрона овард. Дилдодаи касбаш шудаасту аз зиндагияш қаноатманд мебошад.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»