Интизориҳо аз ифтитоҳи Беморхона

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Таъмиру азнавсозӣ гардидани  биноҳои соҳаи тандурустӣ ва таъмини онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири корӣ сатҳи хизматрасонии  кормандони соҳаро ба маротиб беҳтар менамояд. Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш, ки солҳои охир ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дошт, акнун бо дастгирии шарикони рушд ва мақомоти маҳаллӣ ба як беморхонаи замонавӣ табдил дода мешавад.

Боиси ифтихори мо табибон аст, ки таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат нисбат ба соҳаи тандурустӣ зиёд буда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани  хизматрасонии тиббӣ ба мардум беморхонаҳои замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир  бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуда истодааст. -  мегӯяд  Раҳмоналӣ Гадоев сартабиби ноҳияи Вахш. -Бояд гуфт, ки тайи чанд соли охир беморхонаи марказии ноҳия ба таъмир ниёз дошта, бархе аз ҳуҷраҳои кории табибон дар ҳолати ногувор қарор дошт ва  ҳаминак, ин муассисаи тиббӣ бо ташаббуси шарикони рушд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмир бароварда мешавад. Тибқи иттилои масъулин таъмири капиталии беморхона соли 2020 оғоз гардида, дар таъмири пурраи он ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоти тиббӣ  3 миллиону 167 ҳазор евро пешинӣ гардидааст. Дар назар аст, ки беморхонаи мазкур охирҳои моҳи декабри соли ҷорӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Давоми солҳои соҳибис-тиқлолӣ дар кишвар  садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла, беморхонаҳои замо-навӣ, марказҳои саломативу солимгардонӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёду азнавсозӣ гардиданд. Дар доираи таъмиру маҷаҳҳазгардонӣ ин беморхона ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ давоми ду соли охир  як қатор таҷҳизоти замонавӣ ворид карда шуд,- иброз медорад Раҳмоналӣ Гадоев.
- Барои аз худ намудани таҷҳизоти муосири аз хориҷи кишвар ворид гардида, барои мутахассисони беморхона курсҳои омӯзишӣ ба роҳ монда мешавад. Мавриди зикр аст, ки аксарияти табибони беморхона таҳсилкардаи донишгоҳҳои олии кишвар ва хориҷ мебошанд, ки имрӯз ба мардум хизматрасонӣ мекунанд. Бинобар маълумотҳо дар ноҳияи Вахш зиёда аз 282  корманди соҳаи тиб фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 34 нафарашон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Дар беморхона 7 шуъба аз ҷумла, шуъбаҳои кӯдакона, таваллуд, бемориҳои занона, ҷарроҳӣ, қалб ва шуъбаи эҳёгарӣ фаъолият хоҳад намуд.

Давоми    ду соли ахир ба беморхонаи марказии ноҳия ду адад  таҷҳизоти рентгени рақамӣ, мониторҳо ва 4 адад мошини ёрии таъҷилӣ ворид карда шудааст ва дар нақша аст, ки пас аз ба истфода додани беморхона боз таҷҳизоти нав ворид карда мешавад.   Ба гуфтаи Раҳмоналӣ Гадоев баъди ба фаъолият оғоз бахшидан дар Беморхонаи марказии ноҳия дар як баст то 170 нафар беморро метавон ба табобат фаро гирифт. Қобили зикр аст, ки айни замон бинобар таъмиру азнавсозӣ гардидани беморхонаи мазкур беморон дар беморхонаи клиникии ба номи «Абуалӣ ибни Сино” ба табобат фаро гирифта мешаванд.
 

Дар солҳои соҳибистиқ-лолии кишварамон ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Ин ва дигар иқдомҳо дар самти ободониву рушди соҳаи тибб омили коҳиш ёфтани сатҳи бемориҳои гуногун миёни аҳолӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои мавҷудаи дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида истодааст.
 

Дар воқеъ ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ба хусус, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва ташаккули ҳаёти солим, кормандони соҳаро муваззаф менамояд, ки ҷиҳати иҷрои рисолати касбии хеш саъю кӯшиш  намуда, бо ҷидду ҷаҳди бештар ба хотири баланд бардоштани донишу малакаи хеш дар рушди соҳаи тандурустӣ, бунёди ҷомеаи солим ва амалӣ гардидани ҳадафҳои ояндасози робарияти олии кишвар саҳми бештар гузоранд.

Аҳлиддини Муборакшоҳ
“Ҳамрози халқ”