Парвариши занбурӯғ дар шароити хона аввалин таҷриба дар чанд рустои вилояти Хатлон аст. Ҳоло даҳҳо хонавода рӯ ба ин соҳаи даромаднок овардаанд. Дар миёни онҳо оилаҳои ниёзманде ҳастанд, ки мунтазири ҷойи кор ва пайдо кардани рисқу рӯзӣ буданд. Акнун рӯ ба тиҷорати занбурӯғ ниҳода, талош менамоянд, ки зиндагии худро беҳ созанд.
Қиссаи холаи Орзугул
Орзугул Яқубова аз зумраи он занбурӯғпарварони муваффақе аст, ки дар як муддати кӯтоҳ нозукиҳои ин соҳаро аз худ кардааст. Ӯ моҳи октябри соли ҷорӣ бо дастгирии шарикони рушд рӯ ба ин кор овардааст. Феълан навъи занбурӯғи «Вешинка»-ро парвариш намуда, мегӯяд, ки харидори хуб дорад.
Зимни таҳияи ин матлаб ба хонаи эшон ба деҳаи Қубодиёни ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлоли ноҳияи Дӯстӣ рафтем. Вақте вориди ҳавлияш шудем, дар даст кӯзаи пур аз обро дошт, ки бояд ба рӯйи занбурӯғҳояш об мепошид. То занбурӯғҳояш зудтар бузург шаванд. Моро диду хурсанд шуд ва чанд дақиқаи вақташро барои суҳбат оростан бо мо ҷудо кард.
Орзугул Яқубова, шавҳари маъюб ва ду духтар дорад. Якеаш хонандаи мактаб асту дигаре аз шавҳараш бо ду кӯдаки ноболиғ ҷудо шуда, дар хонаи волидайн зиндагӣ мекунад. Шароити зиндагияш чандон хуб нест. Дар деҳа ҷойи кор ҳам надошт. Танҳо кишоварзӣ мекарду зиндагияшро пеш мебурд. Ҳамакнун ба тиҷорати занбурӯғ рӯ овардааст. Феълан дар хонааш 100 баста занбурӯғ дорад, ки дар як ҳафта 3 маротиба ҳосилашро меғундорад.
«Бастаи занбурӯғ асосан аз ғураи ҷорӯби хонарӯбӣ, шулхаи пумбадона ва коҳи гандум тайёр мешавад. Дар дохили он тухми занбурӯғро мепошем. Баъдан ҳар яки онҳоро бо плёнкаи этиленӣ маҳкам мекунем. Вақте занбурӯғҳо баромаданд аз ду тараф плёнкаро буриш медиҳем. То ин ки онҳо калон шаванд. Занбурӯғ бештар намнокиро талаб мекунад. Дар як рӯз онҳоро се маротиба об мепошем»,-ироа дошт О. Яқубова.
Аз қубодиён то Душанбе
Ӯ мегӯяд, ки парвариши занбурӯғ ниҳоят нозук аст, дохили ҳуҷра набояд аз 15-20 дараҷа зиёд гарм бошад. Хунукии зиёд ҳам ба занбурӯғҳо зарар дорад. Онҳо барои ҳавои ҳуҷраро иваз кардан, тез-тез дару терезаи хонаро кӯшода, ҳавои онҷоро тоза нигоҳ медоранд. Ҳар рӯз ба занбурӯғҳо об мепошанд, то онҳо зудтар калон шаванд. Барои занбурӯғҳо зарарнок нашудан аз оби тозаи нӯшокӣ истифода мекунанд. Ҳарчанд деҳаашон оби тозаи нушокӣ надорад, вале барои истифодаи худу занбурӯғҳояш обро аз дигар деҳа бо мошин меоранд.
Айни замон занбурӯғҳои парваришкардаи Орзугул Яқубова нашъунамои хуб доранд. Аллакай маҳсулоташ харидор пайдо кардааст. Маҳсулоташро ба воситаи нақлиёти кироя (таксиҳо) ба мағозаҳои шаҳри Бохтар ва Душанбе равон мекунад. Як килограмми занбурӯғро 30 сомонӣ мефурӯшад. Холаи Орзугул аз кораш қаноатманд аст, зеро дар тӯли ду моҳ беш аз 1 ҳазору 200 сомонӣ фоида бадаст овардааст, ки барои тирезаҳои хонааш плёнкаи полиэтиленӣ ва барои набераҳояш либоси зимистона харидааст.
«Дар инҷо ҷойи кор нест, мо занони хонашин ҳастем. Баъди ба роҳ мондани парвариши занбурӯғ соҳиби кор шудам. Як киллограми онро 30 сомонӣ мефурӯшам. Акнун ман қадамҳои нахустини худро дар роҳи тиҷорат гузошта истодаам. Хеле хурсанд ҳастам. Дар ин фасли зимистон парвариши занбурӯғ дар хона барои ман беҳтарин кор аст»,-мегӯяд Орзугул Яқубова.
Дидани шаҳри Душанбе дар 55 солагӣ
Қаҳрамони мо Орзугул Яқу-бова 55 сол дорад. Аз овони ҷавонӣ то инҷониб ба рӯбу чини хона ва кори замин машғул шудааст. То соли 2021 пойтахти мамлакат - шаҳри Душанберо надида буд. Як омӯзиши се рӯза вобаста ба парвариши занбурӯғ сабаб шуду ӯ Душанберо аз наздик дид.
«Кори ҳаррӯзаи мо занҳо дар ин рустоҳо шӯстани дегу табақ ва рӯбучини хонаву тарбияи фарзандон аст. Заминҳои наздиҳавлигиро кишт мекунему ба саҳро меравем. Дар Душанбе хешу табор надорам. Шаҳри Душанберо танҳо дар оинаи нилгун дида будам. Вақте ба омӯзишҳо ворид шудам, як дунёи дигареро дарёфтам. Имсол ба шаҳри Душанбе рафтам. Хеле шаҳри зебо ва диданӣ аст. Акнун ҷаҳонбиниям дигар шуд»,-нақл мекунад, занбурӯғпарвар.
Ҳадафи ягонаи Орзугул
Орзугул Яқубова ният дорад, ки шумораи бастаҳои занбурӯғҳояшро зиёд карда, 3-4 нафар зани мисли худаш корҷӯйро ба кор таъмин намояд. Бо ин минвол тавонанд рӯзгорашонро аз ин ҳисоб пеш баранд. Дар вилояти Хатлон даҳҳо хонавода тарзи парвариши занбурӯғро дар шароити хона аз омӯзишҳои Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» омӯхтаанд.
Парвариши занбурӯғ дар ҳама фасли сол
Зубайдулло Каримов, мутахассис оид ба воситаҳои зиндагии лоиҳаи мазкур мегӯяд, ки парвариши занбурӯғ дар шароити хона, бахусус дар рустоҳои вилояти Хатлон таҷрибаи нав мебошад. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа ин таъмини занони бекор бо шуғл ва баланд бардоштани вазъи иқтисодии хонаводаи онҳо мебошад. Ин таҷриба аллакай ба 32 оила дар 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар омӯзиш ба роҳ монда шудааст. Онҳое, ки феълан дар хонаҳояшон ба парвариши занбурӯғ машғул ҳастанд, дар баробари омӯзиш боз ба дастурамал оид ба парвариш ва нигоҳдории занбурӯғ таъмин гардидаанд.
«Ҳамаи мо медонем, ки дар фасли баҳор занбурӯғ дар кӯҳу пуштаҳо мебарояд ва мардум оварда дар бозорҳо мефурӯшанд. Аслан парвариши занбурӯғ аз боришоти борон вобастагӣ надорад. Истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар ҳамаи фаслҳои сол имконпазир аст. Занбурӯғҳои дар хона парваришёфта аз занбурӯғҳои табиӣ ягон фарқият надоранд»,-мегӯяд З. Каримов.
Ба гуфтаи Зубайдулло Каримов парвариши чунин навъи маҳсулот дар кишварҳои Чин ва Русия хеле рушд кардааст. Ба Тоҷикистон бештар занбурӯғҳои истеҳсолнамудаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешавад. Мутахассисони лоиҳа талош доранд, ки истеҳсоли занбурӯғро дар Тоҷикистон зиёд намуда, аҳолиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намоянд.
Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»