РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ ҲАМЧУН ИДЕЯИ НАВИ ЗАМОНАВӢ БАРОИ ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯ ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲО

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Қадамҳои аввал ҷиҳати татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ - аз таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Тренинги омӯзишию дастурдиҳӣ аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба кормандони сохторҳои ҳизбии ш.Душанбе

Имрўз - 02.11.2022 дар толори Дастгоҳи КИМ ҲХДТ машғулияти навбатии хониши идоравӣ доир гардид, ки дар он доктори илмҳои сиёсӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода баромад намуд.

Ҷамъомадро муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки хонишҳои идоравии ҳизбӣ барои кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иљроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон ва сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе дар асоси дастури муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуљаббор Абдуқаҳҳор ва нақшаи доир намудани омўзишҳои идоравӣ сурат мегирад.

Зимни баромад Миралиён Қ таъкид дошт, ки татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз 14.09.2022 бо Фармоиши муовини якуми Раиси ҳизб тасдиқ, ки он татбиқи Рейтинги ҳизбиро ҳамчун механизми нав, пешрафта ва технологияи иттилоотӣ дар фаъолият, тарзу услуби нави кори ҳизбӣ ва таҳкимбахши василаҳои идоракунӣ ва тақвиятдиҳандаи иқтидори зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи босамари ҳадафҳои идеологӣ асос мегузорад.

Минбаъд ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки таҷрибаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро оид ба татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти худ амалӣ намоянд.

Рейтинги ҳизбӣ, дар натиҷаи таҷрибаи он дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар муҳлати якуним соли охир (аз апрели соли 2020) самаранокӣ ва аҳаммиятнокии худро нишон дод. Он имкон дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ёфта, рушди устувор касб намоянд.

Боиси зикр аст, ки Рейтинг – намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.

Нишондиҳандаҳои Рейтинги ҳизбӣ дар ду сатҳ ба ҳисоб гирифта мешаванд, 1) электронӣ ва ё маҷозӣ дар сомонаи расмӣ ва 2) анъанавӣ.

Нишондиҳандаҳои маҷозӣ аз 7 адад иборат буда, маълумоти дахлдори оморӣ ҳар моҳ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо дар сомонаи расмӣ ворид карда шуда, натиҷаи он бо суроғаи - https://hkhdtkhatlon.tj/view-rating.php интишор мегардад.

Нишондиҳандаҳои анъанавӣ бошад, ба теъдодои 4-5 адад, ба мисоли иҷрои буҷет, фаъолияти хоҷагидорӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ё обуна ҳар семоҳа мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Натиҷаҳо, зимни ҳисоботи даврӣ дар шакли брошюра ва дар шакли электронӣ дар сомона интишор мегарданд.

Рейтинги ҳизбӣ дар таҷрибаи вилояти Хатлон аз рӯи якчанд нишондиҳанда роҳандозӣ гардидааст: (1) таносуби аъзогӣ; (2) таҳкими узвият; (3) қабули аъзо; (4) коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ; (5) ташаббусҳои ҳизбӣ; (6) интишори мавод ва вокунишҳо; (7) маҳорати идоракунӣ; 8 тарбияи ватандӯстӣ ва шуҷоатмандии ҷавонон; (9) иҷрои буҷет; (10) хоҷагии ёрирасон; (11) тарбияи ҳуқуқии ҷавонон; (12) обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ. Татбиқи Рейтинги ҳизбӣ ба чор марҳила ҷудо мешавад, ки ду марҳилаи он аллакай роҳандозӣ гардид.

Таҷрибаи татбиқи Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти сохторҳои ҳизбии вилоят дар воқеъ ба механизм ва ё системаи такондиҳандаи фаъолият, шавқангезанда ва ҳавасмандсозандаи рақобатпазир табдил ёфта, муваффақиятҳо ба бор оварда истодааст.

Дар охири хонишҳо иштирокчиён ба саволҳои сершумори худ посухи муносиб гирифтанд.

Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад