МАҶЛИСИ 9 – МОҲАИ РАËСАТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Темурмалик: Ҳисобот  

Санаи 15 – уми октябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. Дар кори маҷлис аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, кормандони масъули ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аз рӯи масъалаҳои:

  1. Натиҷаи фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда;
  2. Натиҷагирӣ аз маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ;
  3. Баррасии ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ;
  4. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид аз натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҳисобот дод. Зимни ироаи ҳисобот қайд гардид, ки давоми 9 – моҳи соли равон сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба 2455 нафар расида, дар ин муддат 165 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабул карда шуд, ки шумораи аъзоёни нав нисбат ба соли гузашта 155 нафар зиёд мебошад.

Инчунин, оид ба масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис, яъне тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба ҳаракати аъзоёни ҲХДТ дар  семоҳаи сеюми соли  2022  ахбороти  Раҷабзода Маҳмадсаид шунида шуд. Аз рӯи ин масъала низ лоиҳаи қарор ба овоз гузошта шуд. Қарор қабул карда шуд.

Дар кори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аъзои Раёсат ва кумитаи иҷроия, раиси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Талбакзода Рухшона иштирок ва баромад намуда, фаъолияти 9 – моҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмаликро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Дар охири маҷлис ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик вазифадор гардиданд, ки ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро ба роҳбарӣ гирифта, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб чораҳои зарурӣ андешанд.