Маҷлиси ҳисоботии нуҳмоҳа дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омори вилоят"

Бохтар: Ҳисобот  

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омори вилоят" маҷлиси ҷамъбастии нӯҳмоҳа баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Омори вилоят" Ҳакимзода Қурбон дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нуҳ моҳи соли 2022 шунида шуда, сипас қарорҳои лозимаро қабул намуданд. Давлатова Роҳила  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон, избрози андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуд. Ҳамзамон, атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд. Дар охир Далатова Роҳила аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дидан намуд.