МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОВАСТА БА ФАЪОЛИЯТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2022.

Ҷайҳун: Ҳисобот  

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2022 бо иштироки аъзоёни Раёсат ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор карда шуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун “Дар бораи натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ гардиданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис доир ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар  нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳасанзода Тағоимурод  баромад намуд.

Вобаста ба масъалаи  дуюми рӯзномаи маҷлис натиҷагирӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун, Мудири шуъбаи  таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Р. баромад намуда, ҳозиринро бо нишондодҳои  багузории ташаббусҳо ва аксияҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022 шинос намуд.