Баргузории маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён

Қубодиён: Ҳисобот  

Санаи 14 октябри соли 2022 дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён , Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир гардид.

Дар кори Маҷлиси Раёсати  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин Талбак, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.

Кори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин оғоз гардид.

Дар кори маҷлиси Раёсат чор масъала, аз ҷумла:

1.Натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар нӯҳ   

    моҳи соли 2022,

2 .Натиҷагири аз иҷроиши нақшаи Обуна барои соли 2023,

3.Баррасии тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

4.масъалаҳои ҷорӣ  

мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сараввал, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода  Ваҳобиддин кори маҷлиси Раёсатро кушода эълон намуд ва аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин баромад намуда,  дар назди ҳозирин ҳисобот доданд.

Доир ба маъалаи 2-юми рузномаи маҷлиси раёсат оид ба иҷроиши обуна -2023 ба нашрияҳои “Минбари Халқ” ва” Ҳамрози Халқ”  баромад намуд.

Доир ба  масъалаи охири рӯзнома маълумот дод ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба овоз гузошта шуда, якдилона қарор қабул карда шуда,  дар охир Раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Садриддинзода Бадриддин Талбак  оид аз аз камбудиву норасогиҳо баромад намуда, қайд ва таъкид карданд, ки дар оянда боз ҳам корҳоро ҷонок намуда, дар доираи самтҳои афзалиятноки фаълияти ҳизбӣ, корҳои созандагию бунёдкори дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои ҳизби кушишу маҳорати беандозаро талаб намуд.   

Дар анҷоми маҷлиси Раёсати Кумита раиси Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Қубодиён барои иштироки аъзоён арзи сипос намуд.