МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ГАРДИД

Левакант: Ҳисобот  

Санаи 14.10.2022, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳри Левакант иштирок доштанд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис 3 масъаламавриди баррасӣ қарор гирифт.

1) Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда

2) Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

3) Масъалаҳои ҷорӣ

Аз руи масъалаи якум, Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, дар назди ҳозирин ҳисобот дода вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо барои давраҳои оянда суханронӣ намуд.

Масъалаи дуюми рузномаи маҷлис оид ба тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифташуд.

Дар анҷоми маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баромад карда вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, амалишавии барномаҳо ва аксияҳои ҳизбӣ суханрони намуд.

Ҳамаи масъалаҳои баррасигардида бо ҷонибдории аъзоёни ҳизб қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.