БОЗДИД АЗ РАВИШИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

А.Ҷомӣ:  
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз рафти коргузорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дармонбахш” – и Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба хотири боз ҳам беҳтар гардидани кор ва ба роҳ мондани коргузорӣ дидан намуданд. Дар рафти боздид ба равиши ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидои шинос шуда, оид ба раванди фаъолияти ҳизб, қабули аъзо, супоридани аъзоҳаққӣ ва тартиби ҳуҷҷатгузорӣ мутобиқ ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуд.