Рӯзи 5- октябр бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коллеҷи тиббии "Даво" - и шаҳри Бохтар конференсия баргузор гардид.
Дар он мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саломзода Мақсуд, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар Рухшонаи Шералӣ, мудири шуъбаи дезенфексияи профилактикии шаҳри Бохтар Каримова Робия ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Нахуст Сабзаев Миралӣ директори коллеҷи мазкур сухани ифтитоҳӣ карда ҳамагонро ба ин санаи фархунда шодбош намуданд.
Дигар баромадкунандагон низ доир ба қадру манзалати забони тоҷикӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он андешаронӣ карданд.
Иброз гардид, ки миллат ҳамаи шукуҳу шаҳомат, урфу одат, анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ ва тавоноии худро дар забони зиндаи худ муаррифӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо чандин маротиба таъкид намудаанд, ки гиромидошти забони модарӣ як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибватан аст. Зеро эҳтироми модар, эҳтироми Ватан , эҳтироми муқаддасоти миллӣ маҳсуб мегардад. Ҳамзамон, забони модарӣ дар ҳама давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдориямон омили муҳим дониста мешавад.