Миллати тоҷик шикастнопазир аст

Қубодиён: Вокуниш  

Дар ин давраи ҳассоси ҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мову Шумо имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем. Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардиданд. Маҳз бо талошу кӯшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон буд, ки мо имрӯз чунин Ватани зебою обод дорем ва мо фахр аз он дорем, ки миллати пуршарафи тоҷикем, аммо баъзе хоиноне ҳастанд, ки мехоҳанд, оромиву осудагии моро нотинҷ кунанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнаткорон ва хоинин ба мақсади нопоки худ намерасанд. Омӯзиши таърихи дирӯзу имрӯзи тоҷикон собит месозад, ки ҳамеша дар заиф намудан  аз миён бурдани ҳувият ва давлатдории хоси миллӣ дар ҳама давру замонҳо омили дингароӣ истифода шудааст. Ба амалҳои зиддимиллӣ асосан, онҳое даст задаанд, ки ҳисси ватандорию миллатпарастӣ барояшон бегона буд. Дар тамоми ин давраҳои таърихӣ онҳо аз роҳи фитнаву шӯрангезӣ зарбаи асосиро ба сӯи равшанфикрони асили миллӣ равона месохтанд. Мақсадашон танҳо яке буд, нагузоранд, ки ин бузргон қудрати фитрию зеҳнии худро, ки ҳатто асрҳо баъд аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро тасхир намуд, ба манфиату пешрафти қавму миллаташон истифода баранд. Ҳар амале, ки зидди муқаддасоти қавму миллати худ алайҳи манфиатҳои онҳо сурат мегирад, хиёнат аст. Дар тамоми ин давраҳои таърихӣ онҳо аз роҳи фитнаву шӯрангезӣ, зарбаи асосиро ба сӯи равшанфикрони асили миллӣ равона месохтанд, то ғояву муқаддасоти хоси тоҷикиро аз мағзи фарзандони ин миллат комилан нест кунанд. Албатта, дастовардҳое, ки мо имрӯз бо шарофияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаем, барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи ҳамлаю ҳуҷуми манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтани Сарвари давлат дар амалҳои муғризона ва бадхоҳонаашон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамон буданд,  Пас, мо набояд ба фиреби чунин ашхоси ватанфурӯшу душмани хунине, ки дар оғӯши Ватани азизамон ба воя расидаанд ва қадр шудаанд, биафтем. Хиёнаткорон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид. Моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар зери сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамдилу ҳамдаст бошем ва нагузорем, ки чунин хоинон ба Ватани азизамон осебе расонанд.

Ҷумаев Алиҷон, муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён