Ба хотири пос доштани Муқаддасоти Миллӣ санаи 5.10.2022 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 – Ҷамоати шаҳраки Киров-и ноҳияи Вахш чорабинӣ бахшида ба рӯзи "Забони давлатӣ" бо омӯзгорон ва хонандагон доир карда шуд.
Сараввал аз ҷониби омӯзгори фаъоли муассисаи мазкур аҳли омӯзгорон ва хонандагонро бо рӯзи таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» муборакбод намуда, баъдан хонандагон бахшида ба рӯзи Забон маърӯза ва шеърҳо қироат намуданд.