ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА «РЎЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ»

Вахш: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои моҳи октябри соли 2022-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, санаи 5.10.2022 сол, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 Ҷамоати шаҳраки Киров-и ноҳияи Вахш чорабинӣ бахшида ба рӯзи "Забони давлатӣ"  бо омӯзгорон ва хонандагон доир гардид. 

Дар чорабинии  мазкур  хонандагон бахшида ба рӯзи Забон маърӯза ва шеърҳо қироат намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ  директори муассисаи таълимии мазкур  суханронӣ  намуда, аҳли омӯзгоронро бо рӯзи таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ»  муборакбод намуда, дар корҳои таълиму  тарбияи  насли  наврас барояшон бурдбориҳоро таманно намуд.