Мамадалиева Гулҷаҳон Раҳимҷоновна – муовини раиси ноҳияи Вахш

     Мамадалиева Гулҷаҳон Раҳимҷоновна саннаи 11 январи соли 1975 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар оилаи зиёи ба дунё омадааст.

     Маълумоти ибтидои ва миёнаи пурарро дар МТМУ №22-и  ноҳияи Вахш гирифта, соли 1992 ба бахши рузонаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро  бо гирифтани дипломи олӣ аз руи ихтисоси иқтисодчӣ соли 1997 хатм кардааст. Соли 2013 барои давом додани маълумоташ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, соли 2016 онро бо ихтисоси омӯзгори фанни математика хатм кардааст.

     Мамадалиева Гулҷаҳон Раҳимҷоновна аз соли 2000- 2010 муҳосиби х/д «Файз» фаъолият кардааст. Аз соли 2010 то соли 2014 ба ҳайси омӯзгори фанни математика дар МТМУ№73 кор карда, солҳои 2014-2018 директори МТМУ№76

ва аз моҳи феврали соли 2018 роҳбарии МТМУ№22-ро ба уҳда дорад.

Мамадалиева Гулҷаҳон Раҳимҷононвна нисбат ба ҳамкорон, зердастон ва атрофиёнаш меҳрубон буда, тамоми донишу ҳунари худро баҳри рушди соҳа, ободонӣ беҳтар намудани шароити таҳсили хонандагон ва шароити кори омузгорон, таълиму тарбияи насли ояндасози ҷомеа риояи қатъии низоми кор сарф менамояд.

Мамадалиева Гулҷаҳон Раҳимҷоновна оиладор соҳиби чор фарзанд мебошад.

Фарзандонаш Маҳмадалиевна Мадина Ҷурахоновна оиладор омузгори фанни забони русии МТМУ №41 ноҳияи Вахш,Маҳмадалиевна Парвина Ҷурахоновна, Маҳдалиев Нуриддин Ҷурахонович хонандаи МТМУ №22, Маҳмадалиевна Шукрона шаш сола мебошад.

Мамадалиева Гулҷаҳон Раҳимҷоновна худ ва фарзандонаш мошини шахси надоранд.