Дарси сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарси сиёсӣ, ки мавзуи он "Ҳифзи Ватан ва ҳифзи марзу буми он – қарзи шаҳрвандист" буд, рӯзи 24 сентябри соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ноҳия дар руҳияи Ватандўстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ гузаронида шуд.

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.  

Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ва хонандагон оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд шарҳу тавзеҳо дода шуд.