Мо ҷавонон ватани азизамонро ба дасти шумо хоинони миллат нахоҳем дод.

Вахш: Вокуниш  

Ҳамаи мо ҷавононро зарур аст, ки имрӯз ба бетарафи хотима гузошта, бар зидди ин бадхоҳони миллат ва мазҳаббозон фаъолият нишон дода, сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти комили давлатамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Зеро ҳимояи Ватан қарзи ҷавонмардии ҳар яки мост.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро, ки аксари аҳолии онро мардуми мусулмон ташкил медиҳад, аз ин ҳодисоту воқеаҳо бетараф гузошта наметовонад. Аз ин рӯ, мувофиқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳторҳои қудратӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар ҳолати омодагӣ қарор доранд. Ин мардум як бор фирефтаи доми шумо гардидаанд ва ҳеҷ гоҳ дубора бозичаи дасти шумо нахоҳанд шуд. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсии хешро ба суханони пучу бемағз ва иғвоҳои бемаънии шумо баробар намекунанд ва ин миллати фарҳангсолори тоҷик намегузорад, ки назари баде ба сӯи Ватани аҷдодияшон Тоҷикистон афтад. Таърих ва ин миллат ҳеҷ гоҳ кори кардаи палидонро беҷавоб нахоҳад монд. Зеро идеяҳои ин ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба кишварҳои гирду атроф, аз он ҷумла ба Тоҷикистони мо низ, роҳ ёфта, ҷавонони бехабарро ба доми худ кашида, барои анҷом додани амалу кирдорҳои ғаразноки худашон истифода намуданд.

Вазъи сиёсии кишвари мо айни ҳол ором аст, вале гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тариқи онлайн баромад намуда, мехоҳанд вазъияти сиёсии Ватани азизамонро ноором созанд. Зеро ғулом қобилияти фикри худро надорад, соҳибаш чигуна амр намояд онро иҷро мекунад. Мо ҷавонони соҳибистиқлол намегузорем, ки нақшаҳои онҳо амалӣ гардад. 

Қосимов Фирдавс,мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Вахш