Шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ

Вахш: Вокуниш  

Ҷавонон ҳамчун неруи бузургу қавии ҷомеъа, бо донишу маҳорат, касбу ҳунари муносиб, маҳорати баланди ташкилотчигӣ ва бо садоқату муҳабати самимии хеш ба меҳан метавонанд  созандагони бо эътимоди ҷомеъаи мутамаддини кишвар бошанд. Маҳз бо назардошти гуфтаҳои боло ва таъмини шароиту имконот дар роҳи расидан ба ҳадафҳои наҷиби ҷавонон, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша ба ҷавонони соҳибфарҳангу ватанпараст таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, соли 2017-ро «Соли Ҷавонон» эълон намудаанд. Дар доираи эълон гардидани соли 2017- «Соли Ҷавонон » аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷиҳати фароҳам овардани шароити кору таҳсил, рушди варзиш ва оиладоршавии ҷавонон як қатор барномаву чорабиниҳо вобаста ба тақвияту рушди масъалаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон қабул ва амалӣ гардонида шуда истодааст. Мо ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои давлат вазифадор ҳастем, ки аз илмҳои ҳозиразамон ва технологияи муосир  баҳравар гашта, ҳамчун мутахассисони баландихтисос дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

 Вале мутаасифона баъзан ба ҳамаи ин дастгириҳову ғамхориҳои пайвастаи сарвари давлат бархе аз ҷавонон носипосӣ намуда, фирефтаи таблиғоту маблағҳои ҳаром гардида, ҳатто ба ҷони ҷавони худ раҳм накарда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ шомил мешаванд, ки ин рафтори онҳо боиси нигаронист.Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии гаравидани бархе аз ҷавонони роҳгумзада ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, бе саводӣ ва бе назоратии волидайн ва шахсони ивазкунандаи онҳо мебошад. Сабаби дигари гароиши бархе аз ҷавонон, ноогоҳ будан аз таълимоти динии мазҳабии аждодии худ (мазҳаби ҳанафӣ) мебошад. Дар мавридҳои алоҳида таълимоти дуруғину хурофотӣ ва таассуб ба тафаккури ҷавонон то ҳаде таъсир гузоштааст, ки ҳатто таълимоти аслии динӣ ва мазҳабии хешро инкор карда фирефтаи таблиғоти  равияҳои ифротии динӣ мазҳаби бегона мегарданд. Ҳоло он ки дар кишвар барои омухтани қуюди мазҳаби суннатии мардумамон тамоми абёти лозима мавҷуд мебошад. Ҷавонони ноогоҳ ва дар муҳити таасубкориву хурофотпарастӣ тарбиядида, ҳатто андухтани илмҳои муосир ва техналогияи пешрафтаро гуноҳ ҳисобида, терроризму ифротгароӣ имрўз мардуми тамоми сайёраро ба ҷунбиш овардаанд ва ҳар як давлат мекушад, ки барои пешгирӣ аз пайомадҳои ин зуҳуроти нангини аср тадбирҳои мушаххас андешад. Миёни насли наврас боиси падидор шудани зуҳуроти номатлуб дар байни қишри ҷавон мегардад. Камназоратии волидайн нисбати фарзандон, бе аҳамиятии онҳо сабаби пастравии савияи дониши ҷавонон мегардад.

 Барои он, ки ҷавонони мо маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам диҳем ва дар дастаҷамъи ҷавонони азизамонро аз ҷодаи торикӣ, гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари ваҳдат ҳамроҳӣ намоем.

 Шояд кам касон донанд, ки дар Тоҷикистон даҳҳо таълимгоҳҳои ғайриқонунии диннӣ амал карда истодаанд ва наврасон ва ҷавононро бо таълимоти ғайрирасмии диннӣ фаро мегирад, муҳтаво ва мундариҷаи ин таълим ба кассе маълум нест. Дар даврони Шўравӣ дарсҳои диннӣ шабона пинҳонӣ ба роҳ монда мешуданд. Руҳан муллобачае, ки дар муҳити тарс ва пинҳонӣ дарс меомўзад, аксаран афкори зидди давлатӣ хоҳад дошт. Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ҷавонон ба тарзи оммавӣ барои таҳсил дар таълимгоҳҳои диннӣ ба кишварҳои гуногуни Шарқи наздик барои таҳсил рафтанд. Ходимони динние, ки дар ин давлатҳо тайёр карда мешаванд, табиист,ки арзишҳои диннӣ дар он давлатҳо тайёр карда мешаванд, роиба мағзашон ҷо шудаю, ба эътиқодашон табдил меёбад.Онҳо ба Ватан баргашта,ба дигарон дарс мегўянд ва пайравони худро пайдо мекунанд. Агар дар таълимгоҳҳои олии давлатии Тоҷикистон таълими асосҳои дин ба роҳ монда шуда, ба ин восита ходимони диннии ба давлату миллат содиқ тарбия карда шаванд, нуран алонур мебуд. Ходимони дин, махсусан эмомхатибҳо, онҳое, ки бо таълимоти диннии аҳолӣ сару кор доранд, бояд дорои ду маълумоти олӣ (диннӣ, дунявӣ) бошанд. Имон ба Ислом бошаду, вале дониши диннӣ набошад, одам метавонад ифротгаро шавад.

 Имрўз дар ҷаҳон масъалаи терроризмро ба Ислом нисбат доданӣ мешаванд. Ин тарзи муносибати ғаразнок буда, мутаасифона,тарафдорони худро дорад. Оё бо ин айби бардурўғ ба дини Ислом ва фишору таҳқири мардуми мусулмон террозимро маҳв кардан мумкин аст? Ислом динни парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медоранд, сулҳпарвариро аз рисолатҳои муҳими имонӣ медонанд. Айнияти Ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст. Дар мисоли таҷрибаи рўзгори одамони муваффақ дар соҳаҳои мухталиф барои ҷавонон тавассути воситаҳои ахбори омма пешкаш намудани мисолҳои мушаххас ба манфиати кор аст.

 Ифротгароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза эктремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи Ислом бо чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифротгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди қонун ҷавоб гуянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон ва  кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар Руссия, яъне кишвари муҳоҷирати корӣ бо роҳи найранг ва сардаргумишомили гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ мегарданд. Онҳое,ки ба  ҷангҳо ҷалб мешаванд, бештар аз роҳи шабакаи ҷаҳонии интернет ин ақидаҳоро пайдо ва сафари худро ба Сурия тавассути муболиғони ҷиҳод танзим мекунанд. Аз Руссия  ҷалб кардани ҷавонон бахусус онҳое, ки бо мақсади муҳоҷирати корӣ ба ин кишвар омадаанд, барои гуруҳҳои ифротӣ нисбатан осон даст медиҳад. Барояшон пардохти маблағ ва имтиёзҳое ваъда мешавад ва пас аз мағзшуии бисёре ҷавонон барои ширкат дар амалиётҳои низомии Сурия ризо мешаванд. Хатсайри онҳо то ба Сурия тавассути Туркия ва қисме аз Эрон сурат мегирад.  

Раиси КИ ҲХДТ дар н Вахш    Маҳмадов О