Ваҳдат беҳтарин неъмати бебаҳост!

Вахш: Андеша  

Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро  дар  ҳайрат гузошта, мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид қарор дорад, ки ин ҳам аз ваҳдату ягонагӣ, самимӣ будани мо нисбат ба Ватан ва Роҳбари воломақом гувоҳӣ медиҳад. Ваҳдат ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дўсту бародар будани халқҳои дунё, амну оромӣ дар саросари кишварҳо мебошад. Сулҳ-оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва талабгори осоиштагӣ буда, ватандўст будани ҳар як инсонро инъикосгар аст. Зери ибораи ваҳдат бошад, дўсту бародар будани халқҳои дунё, иттифоқ  будан, ба ҳам омадан ва амну оромӣ мебошад. Албатта, ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлатдорӣ, наҷоти миллат, рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон ва ҳастии инсон дар ҳарду давру замон аст.  Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки  миллати  тоҷик  ва Тоҷикистон  имрўз намунаи ибрат дар саросари  кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон Истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии  мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Дар сурати пойдор будани ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад,  

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ, Президенти  кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  яке  аз суханрониҳояшон  чунин  қайд  карданд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле  низ  вуҷуд дорад, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меоварад. Мо алакай меваи ширин аз дарахти сабзондаамон чашидем, ҷомеаи  мо  аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки тешае ба решаи он расад». Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар пешравию ободии мамлакат нерӯю суръати баланд мебахшад ва ҳар як фарди соҳибхирад аз доштани ин неъмати бебаҳо ифтихор мекунад, зеро медонад, ки то вақте  дар Ватани азизамон Сулҳу ваҳдат ҳукмфармо аст, ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқ ва озодии миллати тоҷикро халалдор созад.

Аз ин хотир, ҳар як шахси ватандўсту ватанпарвар, хусусан ҷавонон бояд ин неъмати Илоҳиро қадр намояд, дӯст доранд ва эҳтиром намоянд.

Нуралиева М.Қ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш