Санаи 19-уми сентябри соли равон, бахшида ба таъсисёбии 30-солагии ҲХДТ, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода Сабоҳат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мардатсой” чорабинии маърифати баргузор гардид.
Дар рафти баргузории чорабини раиси Кумитаи иҷроия суханронӣ намуда, қайқд кард, ки ҷавонон дар ҳар марҳилаҳои рушди ҷомеа қувваи пешбаранда ва симои миллату давлатро муаррификунанда маҳсуб меёбанд. Ба ҳамин асно боло бурдани нақши ҷавонон ва истифодаи нерӯи онҳо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварию меҳанпарастӣ ва миллатдӯстӣ, аз масъалаҳои басо муҳим дар назди роҳбарияти давлат ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо шеъру сурудҳои пурмазмун дар васфи ватану ватандорӣ, сулҳу ваҳдат ба чорабини таровати дигар бахшиданд.