Ҷиҳати амалӣ гардондани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амри раиси вилояти Хатлон аз 1-августи соли 2024, №20 ва нақшаи-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба баргузории Фестивали вилоятӣ, таҳти унвони “Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон”, инчунин вазифагузории КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Аксияҳои “Тоҷикона мепӯшем”, “Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон”, “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мегардонем”, “Зебо ватан дорам” дар саросари ноҳия ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, таваҷҷуҳ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда истодааст.
Бонувони ноҳияи Вахш низ ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллӣ, махсусан, либоси зебои миллии атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ бо иштироки бонувону духтарон аксияҳоро таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем”-ро роҳандозӣ намуданд.