Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз масоили мураккабтарин буда, хусусияти умумибашариро соҳиб гардидааст. Он аз ҷумлаи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Дар шароити ҳозира пайдо кардани мамлакатҳои орӣ аз амалҳои коррупсионӣ тақрибан ғайриимкон аст.
Коррупсия ё ришва зуҳуроти номатлуб фаҳмида мешаванд, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Ин падидаи номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои басо ногувор дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад. Ҳамзамон, коррупсия дар шароити имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Бинобар ин, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро мебояд, ки дар ин самт фаъолияти софдилона ва хизмати шоиста ба халқу давлат намоянд.
Масъалаи мубориза ва муқовимат бар зидди коррупсия ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 тасдиқ гардид. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муборизаи қавитару шадидтар бо коррупсия чораҳои мушаххаси қонуниву ҳуқуқӣ андешиданро аз ҷумлаи муассиртарин роҳҳои мубориза бо ришва медонад.
Бояд тазаккур дод, ки мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯй, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки ҷиҳати мубориза бар зидди ин падидаи номатлуби рӯз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд. Ҳамин тавр, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, Воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд амалӣ карда шаванд.
Сафаров Ф. Мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Вахш.