БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Вахш:  

Дар замони пуртазод ва ҷаҳонишавии босуръат Тоҷикистони азизи мо дар баробари дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат қадамҳои устувори хешро ба хотири пешрафт ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар гузошта истодааст, ки ҳама рӯза ҳамагон аз тариқи ВАО-и кишвар аз пешрафт ва дастовардҳои бузургу шоёни кишвар дар тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар огоҳи пайдо намуда истодаем ва мардуми кишвар дар фазои сулҳу субот ва озодиву ободии кишвар зиндагии аҳлона намуда истодаанд. Мутаасифона пайдо гардидани  бархе аз гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда ба ин масъала сарфи назар карда, сиёсати давлат ва иродаи халқро нодида мегиранд. Дар ин асно ба мақсади огоҳ намудани насли ҷавону наврас аз хавфу хатари ин пайомадҳои нагин  дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки КИВ ҲХДТ дар  вилояти Хатлон ва раёсати Маорифи вилоят  ҷамъбасти ҳармоҳ  дарсҳои сиёсӣ дар мавзуҳои мухталиф  дар муассисаҳои таълимии ноҳия доир карда мешавад, ки мавзуи дарси навбатиро “Терроризм ва хатари он ба ҷаҳони муосир” дар бар гирифта дар МТМУ №15 баргузор карда шуд, кит дар рафти дарс ба хонандагон хавфу хатар ва мақсади террористон ва гурӯҳҳои ифротиро фаҳмониданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.