АМАЛИЁТИ МУШТАРАКИ ДАРСҲОИ СИЁСӢ

Вахш:  

 Дар замони пуртазод ва бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръати илму техника пайдо гардидани хатару таҳдидҳои нав тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ки яке аз ин пайомадҳои ин терроризму экстремизм мебошад, ки дар баробари дигар давлатҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистони азизи мо низ аз ин хатар эмин намебошад. Дар ин асно ба мақсади огоҳ намудани насли ҷавону наврас аз хавфу хатари ин пайомадҳои нагин  дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки КИВ ҲХДТ дар  вилояти Хатлон ва раёсати Маорифи вилоят  ҷамъбасти ҳармоҳ  дарсҳои сиёсӣ дар мавзуҳои мухталиф  дар муассисаҳои таълимии ноҳия доир карда мешавад, ки мавзуи дарси навбатиро “Терроризм ва хатари он ба ҷаҳони муосир” дар бар гирифта дар МТМУ №14 баргузор карда шуд, кит дар рафти дарс ба хонандагон хавфу хатар ва мақсади террористон ва гурӯҳҳои ифротиро фаҳмониданд. Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.