ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон туфайли ислоҳоти соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид, ки соҳаи маориф ҳам аз ҷумлаи онҳост. Рушди маориф омили асосии баланд шудани сатҳи маърифату маънавиёти мардум ва пешравии ҷомеа мебошад.

Бо ин мақсад аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия баҳри беҳтару хубтар ва шароити муфид муҳайё намудан дар муассисаҳои таълими чун пайравони содиқ ба Пешвои миллат ташаббускориҳо намуда истодаанд, ки ин навбат  аъзоёни ТИ “Якатут - 1” тариқи ҳашари дастаҷамъона толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-ро таъмири ҷорро оғоз намуда, тасмим гирифтаанд, ки толори мазкурро ба тамоми лавозимотҳои зарурб таъмин намуда, аз таъмири ҷорӣ бароранд. 

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.