ЧОРАБИНИИ ВАРЗИШИ ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА

Вахш:  

Бо мақсади дар сатҳи баланд сазовор таҷлил намудани 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ, инчунин дар арафаи “Иди Ғалаба” дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, байни ҷавони аъзоёни ТИ “Маорифчиён” мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол доир карда шуд, ки дар он омӯзгорон бо як руҳияи баланд бо арҷгузорӣ аз сулҳу суботи комили кишвар байни ҳамдигар сабқатҳои дӯстона баргузор намуданд, ки хело диданиву хотирмон ҷамъбаст карда шуд.

Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои варзиши байни аъзоёни ташкилотҳои ибтидоӣ ин дӯстиву рафоқат байни аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб мебошад.

 

   Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.