ВОХӮРИ БО ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Вахш: Созандагони ватан  

Таърихи 24-уми апрели соли равон, дар асоси нақшаи кории намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва нақшаи кории бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроия, масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар МТМУ №9, бо аъзоёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” сӯҳбат баргузор намуданд. Зимни вохӯри, вобаста ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, сафарбаркунии онҳо ба хизмати Ватан - Модар, пешгирии шаҳрвандон,  ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, худогоҳии миллӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, арҷ гузоштан ба арзишои миллӣ суханронӣ намуданд.

  Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.