ВОХӮРИ БО АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Вахш: Созандагони ватан  

 Таърихи 24-уми апрели соли равон, дар асоси нақшаи кории намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва нақшаи кории бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, бо мақсади бедор намудани ҳисси боварӣ ба ояндаи нек ва ба истиқболи сазовор таҷлил намудани  35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумсҳурии Тоҷикистон,“30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва арҷгузори намудан ба таъриху тамаддуни пурғановати халқи тоҷик, масъулини  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, вохӯрии навбатии хешро бо аъзоёни  ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар  МТМУ №13-и ТИ “Пахтадашт” доир намуданд. Дар рафти вохӯри масъулини кумита бо хонандагон дар мавзуи хештаншиносиву худогоҳи ва ватандӯсти суханрони намуда аз саҳми Пешвои муаззами миллат  дар давлатдории навини тоҷикон ёдовар шуда, қайд намуданд ки ҳар яки мо бо дарки баланди худшиносиву худогоҳи ба мақсади тараққиву пешрафти кишварамон амал намуда, пайравони содиқи Пешвои муаззами миллат бошем, инчунин масъулини кумита дар самти баланд бардоштани савияи дониши хонандагон омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ намудани илмҳои замонавӣ дури ҷустан аз гурӯҳҳои тафриқандозу ифротӣ ва фарҳанги бегона ёдовар шуданд. Инчунин  дар рафти вохӯри аз суханҳои волои Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки қайд намудаанд:  “Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад” ва месазад, ки ин гуфтаҳои волои ин шахсияти бузургро сармашқи кори худ намуда, дар оянда аз рӯи он рафтор намоем.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.