МИЛЛАТИ ТОҶИК МИЛЛАТИ ТАЪРИХИВУ ФАРҲАНГӢ

Вахш: Андеша  

 Миллати тоҷик миллати тамаддунофару таърихи буда дорои таърихи беш аз шашҳазор сола мебошад, ки ин миллати созанда ҳамеша пайи ободиву бунёдкори талош варзида ҳеҷгоҳ ба касе ё давлате душмани накардааст ва ҳамеша тарафдори сулҳу субот ва тинҷиву амонии тамоми мардуми ҷаҳон буданду ҳастанд.

Бояд қайд намуд, ки миллати тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ҳифзи марзу бум, манфиатҳои милливу фарҳангӣ, гиромӣ доштани забону фарҳанг ва сарнавишташ талош намудааст. Тоҷикон яке аз миллатҳои куҳанбунёд ва дорои фарҳанги ҷаҳоншумул буда, нақши фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст. Бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии бевоситаи Пешвои муаззами миллат имрӯз дар ҷаҳон аз фарҳанги миллати тоҷик меомӯзанду миллати тоҷикро ҳамчун миллати таърихсозу тамаддунофару фарҳанги дар арсаи ҷаҳони қабул намудаанд. Бояд тазакур дод, ки тайи солҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизи моро ҳамчун ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобаливу геопалитики дар ҷаҳон аз тарафи созмонҳои бонуфуз эътироф намудан дастоварди бузурги замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Академик Бобоҷон Ғафуров барои зинда гардонидани таърихи куҳани миллати тоҷик ҷонбозиҳои зиёд намуда, дар давраи басе ҳассоси таърихӣ ва сиёсӣ китоби «Тоҷикон»-ро навиштанд, ки далели ғайрату матонати бузурги ин шахсияти таърихӣ мебошад. Асари бунёдии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маъхази ғании андешаву тафаккури миллӣ ва сарчашмаи боэътимоди гузаштаи халқи тоҷик маҳсуб мешавад, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» аст.

Дар ин асарашон Пешвои миллат мегӯянд, ки «… тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз намудан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии ҷумҳуриро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро, баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии ҳамаи мо мебошад».

Имрӯзҳо мушоҳидаҳо нишон дода истодаанд, ки аксарият давлату миллатҳои сайёра пайи даргириҳои сиёсӣ қарор дошта, як қатор манфиатҷӯён манфиати шахсии худро аз манфиати мардум боло гузошта, барои ба даст овардани ғаразҳои нопоки худ миёни аҳоли тафриқаву иғвоангезиро пеша кардаанд.

Тамоми шаҳрвандони кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳар гуна расонаҳову хабарҳои беасосу иғвоангез, ки аз ҷониби ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву бегона паҳн мешавад, бовар накунем. Лозим аст, ки ҳамешагӣ ба ин осмони софу беғубори Тоҷикистони азизамон  садҳо, ҳазорҳо шукрона кунем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошем. Ба хотири ободу зебо гаштани Ватанамон, бо дарки баланди хештаншиносиву худогоҳии миллӣ талош варзем.

Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем Тоҷикистони азиз ҳамеша ба пеш ба сӯи музафариятҳову мувафақиятҳои нав ба нав бо фарзандони далеру ҷасурат.

 

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш                                             Р.Ҷалилов.