ВАТАН АЗ МОСТ!

Вахш: Андеша  

 Зимни суханронии худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндгони ҷомеа ва ходимони дини кишвар қайд карданд, ки бо шарофати сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлат ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон давоми 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон ва афроди бонангу номуси ҷомеа иқдомҳои савобу созандаро анҷом дода, ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карданд, ки дар ин замина барои садҳо ҳазор ҳамватанони мо ҷойи кор фароҳам оварда шуд.

Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаётии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст.  Истиқлоли давлатӣ ба мо тоҷикон имкон фароҳам овард, ки шароити озоду созгори эътиқоди муҳайё гардад.  Дар пайравӣ аз оини аҷдодиамон яке аз воситаҳои муассир аз таҳдиду фишор ҳимоя кардани фазои ҷомеаи мо дар шароити муосир мебошад.

 Ҳамзамон зимни суханронии хеш Пешвои муаззами миллат вобаста ба сафарҳои такрории шаҳрвандон ба ҳаҷ изҳори андеша намуда, аз аркони ҳаҷ ва амалҳои Паёмбари ислом (с) хотирнишон доштанд, ки ба ҷойи маротибаи дуюму сеюм ба ҳаҷ рафтан мусулмонон метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии хонаводаи худ, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон сарф намуда, соҳиби аҷру савоби бештар гарданд.

Ҷавобан ба тадбирҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар мо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлолро мебояд, бо хислатҳои шоиста ва писандидаву ташаббусҳои ояндасози хеш саҳми муҳими худро дар ҳифз ва рушди фарҳангу маориф гузошта бошем, зеро мардуми сарбаланди Тоҷикистон барои бунёди зиндагии аз ин ҳам босаодату осуда қудрату тавонои дорад ва барои ҳимояи манфиатҳои давлати азизамон тамоми саъюу кушиши худро ба харҷ медиҳанд.

 

 

Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш          Ватанзода У.В.