ОБ МАНБАИ ҲАСТИИ ҲАМАИ МАВҶУДОТИ ОЛАМ АСТ

Вахш: Андеша  

Бо мақсади аз таъсироти манфии инсон ва ҷомеа нигоҳ доштани табиат, махсусан, захираҳои обӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зисти кишвар, минтақа ва ҷаҳон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда истодааст. Вобаста ба муҳиммияти масъалаҳои экологӣ бо тақозои замон тайи солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳо ба аксари қонунгузориҳои ҳифзи табиат ворид карда шудаанд.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Яке аз вижагиҳои санади нав ҳамгироии ҳадафу вазифаҳои марбут ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад, ки се пояи асосии рушди устуворро ташкил медиҳад. Яке аз аҳдофи ҳадафҳои рушди устувор ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масълаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Тоҷикистон дар арсаи чаҳон чун кишвари пешоҳанг ва ташаббускори калидии мавзӯи об шинохта шудааст.

Дар ин самт ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби СММ пазируфта шуд, ки бори дигар Ватани маҳбубамонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ муаррифи намуд.

14-уми декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии  153 кишвари аъзо ташаббуси 5-уми байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим  пазируфт.  Тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд, ва  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Инчунин, мутобиқи ин қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад. Соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.

Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар самти об истиқбол мекунем. Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, омода намудани хӯрок, шустушӯи манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.. Хулоса, кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растанӣ ва гулу гиёҳ намерӯяд.

Мо,Тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд ва онҳо на инки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна хисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Ҳамин тариқ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои экологии хислати ҷаҳонидошта  баромад намуда, дар самти ҳифзи захираҳои табиии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми босазои худро гузошта истодааст.

 

 

Раиси ТИ “КАТС”                                         Ш.Нуров.