РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО!

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сол аз сол вазъи соҳаи нақлиёт дар мамлакат беҳтар мегардад ва албатта, дар ин раҳ нақши кормандон ва муассисаҳои тобеи Вазорати нақлиёт муассир аст, зеро бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии хеш масъулини ин ниҳод ба хотири иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, кушиш менамоянд, ки роҳҳои мамлакатро ба ҷавогӯ ба талаботҳои стандарти ҷаҳонӣ, дар тамоми фасли сол омода намуда бошанд. Дар ин асно баъд аз фасли сармо  аъзоёни ТИ “МНДРА”  ба корҳои барқарорсози ва рангу бор намудани роҳҳои ҳудуди ҷ/д Рӯдакӣ машғул буда иттилоъ дода шуд, ки масъулини ин ташкилот ба нақша гирифтаанд, ки тамоми роҳҳои ҳудуди ноҳияро ки баъд аз сардиҳои фасли замистон зарар дидаанд аз нав таъмиру барқарор намоянд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби

Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.