ИЛМИ ТОҶИК ИНКИШОФ ЁФТАНАШ ДАРКОР!                                                         Пешвои миллат муҳтарам Э.Раҳмон.

Вахш: Андеша  

Идоракунии давлати соҳибистиқлол ва таъмини рушди босуботи  иқтисодиёти он ба кадрҳои баландихтисосу содиқ, навовару серғайрат, эҷодкору соҳибфарҳанг ва сифатҳои олии дигари инсонӣ такя менамояд, ки Пешвои муаззам миллат дар ҳама вохӯриву мулоқотҳо ва паёмашон ҳаминро таъкил менамоянд, то аҳли ҷомеа кушиш намоянд, ки сатҳи саводи насли ҷавону наврасро боло бардошта бошанд. Заминаи ташаккули чунин кадрҳои арзанда соҳаи маориф, аз зинаҳои аввал то боло маҳсуб меёбад. Чуноне, ки Пешвои миллат дар паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Оли таъкид намуданд: “Омӯзиши забони хориҷиро аз боғча оғоз намоед”, яъне таъкидҳои Пешвои миллат дар он аст, ки асри 21 асри техникаву  технологияи муосир мебошад ва дар ин замина барои истифодаи ин технологияҳо мутахассисоне лозиманд, ки дар баробари забони модарӣ донандаи хуби забонҳои хориҷи бошанд. Зеро, ҷавҳари ғоявӣ ва асоси дониши фард дар ин даргоҳи муқаддас ба камол мерасаду маҳорати боқимонда ба омӯзиши мактаби ҳаёт алоқаманд аст. Рушду такомули нерӯ, ирсӣ ва истеъдоди Худододи шахсият бошад, бевосита ба муҳити солими оила ва ҷомеа вобаста аст, ки дар тамоми ҷараёни ҳаёту фаъолияти фард инъикос меёбад. Бинобар ин, танҳо давлате, ки ба тарбияи кадрҳо таваҷҷӯҳ менамояд, соҳиби ояндаи босуботу боэътимод мебошад. Дар ҷодаи тарбияи кадрҳо набояд эътиқоди диниву мазҳабӣ, мансубият ба миллату халқият, ҷинс, баромади иҷтимоӣ ва омилҳои дигар мавқеи ҳалкунанда дошта бошад, чунки, фарди ватандӯсти содиқмеҳрро ба сарзамини парваридааш илҳом мебахшаду нерӯи созанда меофарад.

Дар масъалаи боло бурдани савияи дониши аҳоли ва тарбия намудани кадрҳои баландихтисос ва  зарурати олимони ҷавону ихтирокор  Пешвои миллат қайд карданд, ки: Илми тоҷик инкишоф ёфтанаш даркор. Олимони ҷавонро тарбия кунед. Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу  ҳунар диҳем", пас имрӯз тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеаро зарурат ба миён омадааст, ки гуфтаҳои волои Пешвои муаззами миллатро амиқан дарк намуда, аз пайи тарбияи кадрҳои баландихтисос гарданд, зеро ин масъала натанҳо ба соҳаи маориф ва илми кишвар таалуқ дошта, ба ақидаи ман шахсият дар омӯзиши назариявӣ неву балки дар амали хубтар ба камолу мерасаду мутахассиси варзидаи соҳаи хеш мегардад, пас дар истеҳсолот бисёртар ба ҷавонон бояд такия намуд, зеро ҷавонони мо бисёр иродаи қавӣ ва нангу номуси баланди ватандориро соҳиб буда, аз тамоми мақсади дар пешашон гузошта мешавад бо сари баланд метавонанд баромада.

Мо ҷавонони замони соҳибистиқлолии кишвар ҷавобан ба ин  ҳама ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат, ки ҳамеша баҳри мо ҷавонон менамоянд, аз тамоми роҳу васила истифода намуда, тамоми донишу малакаи хешро чун пайравони асили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат   барои мутахассиси варзидаи соҳаҳои мухталиф  гардидан  равона намуда баҳри пешрафту тараққи ва яке аз давлатҳои абарқудрату пешрафта табдил додани Тоҷикистони азизамон ҳамеша кушиш менамоем.

 

Мудири бахши  кор бо ҷавонони

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш             Ф.Сафаров.