БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ  ШАҲРВАНДОН ҲАДАФИ АСОСИИ СИЁСАТИ  ҲУҚУҚИИ КИШВАР

Вахш: Андеша  

Дар шароити муосири давлатдорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд дар баробари масъулияти тарафайни давлат ва шахс ва робитаи ҳуқуқии давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ин ҳифз, риоя ва ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба шумор меравад. Вазифаи мазкур бошад тавассути ҳокимияти олии қонунгузорӣ, иҷроия, судӣ ва фаъолияти дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муасиссаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар сатҳи Конститутсия ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама маънои тобеъ будани фаъолият ва рафтори ҳама мақомотҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муасисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва шаҳрвандон ба ҳуқуқро дорад. Аз ин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  давлат, ҳамаи мақомоти он, шахсонӣ мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро баҳри риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ вазифадор намудааст.

 Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ  ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.

Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани  масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад.

Дар ин масъала Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳаммияти он дар ҳаёти мамлакат чунин таъкид намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии мамлакатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё созем».

Дар ин асно Пешвои муаззами миллат ба муносибати  таҷлили 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” элон намуданд, ки мақсад аз эълон намудан ин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ шаҳрвандон ва маърифати ҳуқуқии онҳо мебошад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқубунёд бе робитаи устуворӣ шаҳрвандони он дар самти  риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои  худро медонанд ва вазифахои худро чӣ тавр иҷро мекунанд.

Аммо, мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада қонуният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд, ки яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад.

Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқи мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

Таърихи давлатдории навини мо ки даврони 32- соли Истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад, ҳамагон бар аъло мушоҳида намудаем, ки асоси сиёсати кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ба беҳбудии шарту шароити зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми кишвар равона карда шудааст ва мақсади асоси эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз тарафи Пешвои муаззами миллат боз як ғамхории навбатии барои тамоми мардуми тоҷик ва тоҷикистони мебошад.

 

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии

Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш   Р.Ҷалилов