ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН!

Вахш: Андеша  

Таҷрибаи рӯзгор нишон медиҳад, ки чеҳраҳои табиӣ ва пешвоёни воқеии мардум ба бахши унсурии ҳастии миллату давлат табдил шуда, то абад ҳамчун арзиш, намуна ва каҳрамон боқӣ мемонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабили роҳбароне мебошанд, ки шахсияти сиёсии он кас дар ҳар лаҳзаю ҳар қадам пеши назари мардум шакл гирифта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст ва заҳматҳои ҳамарӯзаашон дар дидаи халқ ҷойгоҳи муносибу мақоми воло доранд. Ин хидматҳо махсусан дар барқарорсозии сулҳу субот, баргардонидани гурезаҳо, таъмини ваҳдати комили миллӣ, пешравии бесобиқа дар ҳама самтҳои ҳаёти кишвар, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавон ва ниёзмандон, дастгирии соҳибкорон ва садҳо амалҳои наҷиб басо назаррас ҳастанд.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонидаанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикон буданд. Ба даст овардани сулҳу субот, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва барои ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкаме гузошт, ки ин ҳама аз хирадмандиву ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд. Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи нақшаҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистонро натанҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки тасдиқу исботи ин гуфтаҳо зарурат надорад.

Пешвои муаззами миллат ягона шахсе буданд, ки дар он рӯзҳои нангину вазнине, ки бадхоҳони миллат  бар сари ин миллати тамаддунофар ва сулҳхоҳ  оварда буданд ва мақсади асоси ва ягонаашон аз байн бурдани давлату миллати мо буд, тавонист  бо иродаи қавӣ ва донишу фарҳанги баланд дар муддати кӯтоҳтарин миллати раҳгумзадаву аламдидаро дар атрофи хеш ҷамъ намояду ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳаду армони чандин ҳазорсолаи миллатро бароварда созад.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад, пас месазад, ки ҷавобан ба ин хидматҳои шоёни фарзона фарзанди миллат арҷгузори намуда, ҳамчун пайравони асили  Пешвои миллат баҳри пойдории сулҳу субот, ваҳдати комил камар баста ҳамеша аз пайи ободиву созандагии диёри хеш бошем.

Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби

Халқии Демократии Тоҷикистон

дар ноҳияи Вахш: Сайдалиев А.