ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Вахш:  

 Дар санаи 28-уми марти соли 2024 вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Мунаввара ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В, бо интихобкунандагон ва фаъолон, аз ҷумла интихобкунандагон аз ноҳияи Вахш доир гардид.  Абдусаломзода Мунаввара оиди мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, доир гардида буд дар масъалаи шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию терористи дошта, риояи қонуни танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо ва асосан барои тарбияи дурустӣ фарзандон мулоқот карданд. Дар охир вакил ба саволҳои ҳозирин доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ ва саволҳои пайдошуда посух доданд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.